ИСТИҚБОЛИ “КОРВОНИ НАВРӮЗИ ХАТЛОН-2017” ДАР НОҲИЯИ ФАРХОР

Субҳи имрӯз Корвони наврӯзии вилоятии Хатлонро, ки иборат аз раиси вилоят Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва намояндагони тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят мебошад дар даромадгоҳи ноҳияи Фархор раиси ноҳия Вализода Сулаймон ва сокинону ҳунармандони ноҳия бо шеъру суруд, нону намак гарму ҷушон пешвоз гирифтанд.

Баъд аз қабули меҳмонон дар даромадгоҳи ноҳия меҳмонон ба гурӯҳҳо тасқим гардида, ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Ҷамоату деҳаҳои ноҳия роҳ гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 6 наврӯзгоҳ ташкил карда шуда, барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонон чорабиниҳои гуногунӣ фарҳангиву фароғатӣ доир гардида истодааст.

кабул (2).jpgкабул (3)_0.jpgкабул (5).jpg

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11