ЗУРӢ БАРОИ ЗУРОВАРӢ НЕСТ

Аз ҷониби бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз 8 то 15 май «Ҳафтаи оила» эълон гардид, дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Сарбанд хабар доданд.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда 8 май дар деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамроз» семинар машварат дар мавзӯи «Зурӣ барои зӯроварӣ нест» доир гардид.

Дар ҷараёни он ба 30 нафар бонувони деҳа намуд ва шаклҳои зӯроварӣ тавзеҳ дода шуда, ҳамзамон таваҷҷуҳи иштирокдорон ба роҳҳои ҳал ва рафъи ҳамагуна шаклҳои зӯроварӣ ҷалб карда шуд.

Зикр гардид, ки зӯровариву хушунати хонаводагӣ мушкилоти иҷтимоӣ буда, метавонад оқибатҳои нохушу номатлубро дар пай дошта бошад. Аз ҳам пош хӯрдани оилаҳо ва ба худкӯшию худсӯзӣ даст задани нафарони ба хушунат гирифторшуда аз қабили амалҳоеанд, ки танҳо бо бартараф кардани сарчашмаи мушкилот, яъне зӯроварӣ метавонем худ ва атрофиёнамонро аз онҳо эмин нигоҳ дорем. Барои ин пеш аз ҳама донистани ҳуқуқҳои конститутсионии худ бисёр муҳим аст.

Чунин семинару машваратҳо дар дигар деҳаҳои ҷамоатҳои Ваҳдату Гулистон гузаронида шуда истодааст.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11