ЗАБОН-ОМИЛИ АСОСИ РУШДУ КОМОЛИ МИЛЛАТ ВА ДАВЛАТ АСТ

Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар толори китобхонаи оммавии вилоятӣ ба номи Шамсиддин Шоҳин миззи мудаввар таҳти унвони «Забон-омили асоси рушду комоли миллат ва давлат аст» баргузор намуд.

Дар миззи мудаввар мудирони шуъбаву бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳо, аъзоёни шӯрои занони вилоят, олимаҳо аз донишкадаву донишгоҳҳои вилоят, донишҷудухтарони курси сарварӣ ва занони фаъоли шаҳри Қӯрғонтеппа иштирок доштанд.

Дар миззи мудаввар Хидирзода Махфират Умар муовини раиси вилояти Хатлон иштирок ва суханронӣ намуд. Ҳамчунин Раҳимзода Раъно-сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Махкамова Дилором-номзади илми филалогияи Д.Д. Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, Кенҷаева Озода- саромӯзгари кафедраи забони тоҷикии  Д.Д. Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ, Шарипова Адолатхон номзади илми филалогияи Д.Д.Данғара, Усмон Билолӣ, Офоқӣ Қодириён баромадҳои илман асоснок дар бораи  забони давлатӣ намуданд.

Сипас, компазитсияи илмӣ- адабӣ дар иҷрои  донишҷӯдухтарон Гулова Малуда, Ғафуров Меҳрангез, Холова Ибодат, Самизода Шаҳноза,Саидова Саёҳат, Алимова Ҳусноро, Тағоева Маҳина иҷро гардид.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11