ЗАБОНИ МИЛЛӢ- РАМЗИ ҲАМБАСТАГӢ ВА ИТТИҲОДИ ВОҚЕИИ МИЛЛАТ

Бахшида ба таҷлили Рӯзи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» мизи мудаввар дар мавзӯи «Забони миллӣ- рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии миллат» бо иштироки Сармуҳарири Рӯзномаи «Набзи Қурғонтеппа», барандаи ҷоизаи ба номи Ш.Шоҳин Усмон Билолӣ, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ҲХДТ дар шаҳри Қурғонтеппа Ассадулозода Ватан ва омӯзгорону донишҷӯёни факултети Филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, хонандагони мактабҳои миёна, кормандон ва аъзоёни маҳфили «Таърихчиёни ҷавон»-и назди осорхона баргузор гардид.

Чорабиниро директори осорхона Гулистон Пиракова ҳусни оғоз бахшида дар бораи рушду инкишофи забони адабии тоҷик дар замони соҳибистиқлолии кишвар сухан кард. Инчунин дар рафти баромад қайд кард, ки Забон рамзи худшиносӣ, эҳтироми миллӣ, чароғи сухан ва олитарин муқаддасоти миллӣ буда, воситаи мубодилаи афкор дар байни одамон мебошад.

Баъдан Сармуҳарири Рӯзномаи «Набзи Қӯрғонтеппа»- Усмон Билолӣ ба сухан баромада оид ба гирмомидошти забони давлатӣ ва нақшу манзалати он дар ҷомеа ибрози андеша намуда аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки дар гиромидошт ва пос доштани забони пурғановати миллӣ саҳми хешро гузоранд ва онро ҳамеша ҳифз намоянд.

Дар рафти чорабинӣ меҳмонон, кормандони осорхона, аъзоёни маҳфилҳо ва хонандагон баромад намуда қайд намуданд, ки мо шукри Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ кунему рӯ ба забони худ мениҳем, онро хуб омӯзем, зеро он бо шири модар ба ҷисму ҷонамон омадааст. Ҳар як фарзанди миллат бояд номбардори сазовори гузаштагон ва парчамбардори забону фарҳангии миллати хеш бошад. Он гоҳ мо метавонем дар рӯҳияи муҳаббат ба модар, Ватан ва забони миллӣ, ки аз муқаддасоти олӣ эътироф гардидаанд муваффақ шавем. Инчунин хонандагон ва аъзоёни маҳфилҳо дар васфи забони давлатӣ порчаҳои шеъри қироат намуданд.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11