ДАЪВАТИ БАҲОРИИ НАВАСКАРОН ДАР НОҲИЯИ Ш. ШОҲИН ИҶРО ГАРДИД

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин маъракаи даъвати баҳории наваскаронро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба охир расонид.

Тавре аз Комиссарияти ҳарбии вилоят иттилоъ доданд, нақшаи иҷрои даъвати баҳории наваскарон дар вилолят то 18 апрели соли ҷорӣ ба 53, 1 дарсад расонида шуда, корҳои сафарбарӣ дар ин самт идома дошта, масъулин кӯшиш ба харҷ додаистодаанд, ки нақшаи даъвати ба зимадоштаи худро пеш аз муҳлат ба анҷом расонанд.

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи муҳими ҳар як ҷавони бонангу номус буда ва мақсад аз даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ низ баланд бардоштани донишу малакаи низомии ҷавонон ва ҳимояи марзу буми Тоҷикистон мебошад.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11