ДАР РАЁСАТИ БЕҲДОШТИ ЗАМИН ВА ОБЁРИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДОИР ГАРДИД

Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон бо шаҳрвандон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар соли ҷорӣ дар масоҳати 273763 гектар замин ҷиҳати обрасонӣ шартнома бастаанд, иброз гардид дар нишасти матбуотӣ.

Ба қавли сардори Раёсат дар 6 моҳи соли ҷорӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ҳаҷми 1млрд. 77 млн. 537 ҳаз. м3 об дода шуд, ки арзиши оби додашуда 18 млн. 114 ҳазор сомониро ташкил дода, ба 1 гектар 70 сомонӣ рост меояд.

Аз ҷониби истифодабарандагони об то имрӯз ба маблағи 15 млн 920 ҳазор сомонӣ ҳақи истифадаи об пардохт шудааст, ки 88 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11