ДАР ВИЛОЯТ 1333 МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ФАЪОЛИЯТ ДОРАД

Дар нишасти хабарие, ки дар Раёсати мароифи вилоят доир гардид, қайд карда шуд, ки дар вилоят 1333 муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд, ки аз он 76 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 167 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 1025 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 24 гимназия, 21 литсей, 10 мактаб-интернати кӯдакони ятим, 1 мактаб-интернати ёрирасон, 4 мактаб-интернати бачаҳои лаёқатманд, 4 интернати наздимактабӣ, 1 хонаи бачагон буда, дар онҳо 680,961 нафар кӯдакони синни мактабӣ, аз он ҷумла 324 ҳазору 437 нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 14 ҳазору 712 нафар зиёд мебошанд.

Инчуни сардори Раёсат Исоев Диловар гуфт, ки дар муассисаҳои таълимии вилоят шумораи умумии омӯзгорон 40907 нафар, аз он ҷумла 19702 нафар занон фаъолият доранд, ки нисбати соли таҳсили 2015-2016 2754/1446 нафар зиёд мебошад.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11