ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОНИ ҲУНАРМАНД «САПЕДА» 2017 ДОИР ГАРДИД

Дар толори боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Раҳмон Мурчаев даври вилоятии Фестивали ҷумҳуриявии кӯдакон ва наврасони ҳунарманд «Сапеда» 2017 доир гардид.

Дар фестивали мазкур дастпарварони мактабҳои саънати бачагона ва ҳамчунин ихтирокорону навоварони ҷавон аз 7-шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштироки фаолона намуда, маҳсули дастони худ аз қабили кандакорию расомӣ, рақсу сурудро пешниҳоди аъзои ҳакамон намуданд.

Муҳамадназар Ризоев-мутахасиси Раёсати фарҳнги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ дод, ки ҳадафи аслии фестивали болозикр ин пеш аз ҳама дарёфти падидаҳои нав ҳамзамон аз нав эҳё намудани ананаҳои миллӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав аз ҳисоби наврасону ҷавонон мебошад.

Ҳаминро ёдовар шуд, ки беҳтаринҳо аз шаҳру навоҳии вилоят интихоб гардида ба даври Фестивали ҷумҳуриявии кӯдакон ва наврасони ҳунарманд «Сапеда» 2017, ки санаи 28-уми октиябри соли равон дар шаҳри Дӯшанбе баргузор мегардад, роҳхат мегиранд.

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11