Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ

Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ 10 январи соли 1961 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1987 Донишкадаи муҳандисони обёрӣ ва механикунонии хоҷагии қишлоқи Тошкентро бо ихтисоси муҳандис-заминсоз ва соли 2007 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси менеҷери идораи давлатӣ ва маҳаллӣ хатм кардааст.

Номзади илмҳои иқтисодӣ мебошад.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1987 пас аз хатми Донишкада ба ҳайси сармуҳандис-заминсози ноҳияи Комсомолобод оғоз намуда, минбаъд дар мансабҳои раиси кумитаи ҳифзи табиати ноҳияи Данғара, раиси кумитаи ҳифзи табиати вилояти Хатлон, муовини Вазири ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2001-2006 раиси Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан то соли 2008 Директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз соли 2008 то 2010 ҳамчун муовини раиси вилояти Суғд кор кардааст.

Аз марти соли 2010 то ноябри соли 2013 раиси шаҳри Турсунзода буд.

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Бо ордени «Шараф» дараҷаи I ва медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби 6 фарзанд мебошад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2013 раиси вилояти Хатлон таъин гардид.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11