ВОХӮРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РОҲБАРОНИ ЮНИСЕФ ДАР ТОҶИКИСТОН  

Раиси вилояти  Хатлон Давлатшоҳ  Гулмаҳмадзода   роҳбари  тозатайини  Хазинаи  Созмони  Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Лучиано Калестиниро  қабул намуд.  Зимни  вохӯри Д. Гулмаҳмадзода оиди  тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоии вилоят  иттилоъ  дода  қайд  намуд,  ки  соҳаи  маориф  ва  тандурустӣ  яке  аз  самтҳои  асосии  пешрафти чомеъа  ба  ҳисоб рафта  аз  тарафи  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ҳамавақт  дастгирӣ  меёбад. “Дар  соҳаҳои номбурда  якчанд  лоиҳаҳо  низ  фаъол  мебошанд,  ки  мусоидат  баҳри пешрафти соҳа  мекунанд”-қайд  кард  зимни  вохӯри Д. Гулмаҳмадзода.

Дар навбати худ Лучиано Калестини дар бораи лоиҳаҳои ЮНИСЕФ дар ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон ёдрас шуда, қайд намуд, ки дар назар аст, ки дар ин самт ҳамкориҳо боз ҳам ривоҷ меёбанд.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11