ВОХӮРИИ  РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН  БО МУОВИНИ САФИРИ ҶУМҲУРИИ ЯПОНИЯ  

Вохӯрии раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо муовини сафири Ҷумҳурии Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Тотомоҳиро Накагакӣ баргузор гардид. Дар вохӯри инчунин раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Исмоилзода Абдуалим иштирок дошт.

Раиси вилоят барои дастгириҳои доимӣ ва амалишавии лоиҳаҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби Сафорати Япония, Агентии JICA ва Ҳукумати Япония, аз ҷумла лоиҳаҳои грантӣ дар соҳаҳои гуногуни вилоят, бахусус роҳсозӣ, тандурустию маориф ба сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, барои баррасии минбаъда якчанд масъалаҳоро, ба монанди таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, беҳдошти замин, таҷҳизонидани беморхонаи сохташавандаи бемориҳои сироятии ноҳияи Данғара ва дигар муассисаҳои тандурустӣ, инчунин театри мусиқи мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппаро бо таҷҳизоти замонавӣ, пешниҳод намуд. Ҳамзамон аз ҷониби раиси вилоят барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ва яке аз шаҳрҳои Япония пешниҳод гардид.

Пешниҳоди мазкур аз ҷониби муовини сафири Япония дастгирӣ ёфта, ӯ иброз дошт, ки сафорат масъалаҳои болозикр ва инчунин масъалаи вобаста ба низом овардани вазъиятро дар Ҷумҳурии ҳамсояи Афғонистон мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод ва то ҷое метавонад, тариқи лоиҳаҳо амалишавии онҳоро дастгирӣ менамояд.

Тарафҳо якдилона иброз намуданд, ки ҳамкориҳои минбаъда рушд меёбанд, ба манфиати ҷонибҳо хизмат мерасонанд.

 

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11