ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-РУКНИ АСОСИИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон санаи 19 майи соли 2017 дар китобхонаи миллии шаҳри Кӯлоб Конференсияи илмӣ-адабӣ бахшида ба «Соли ҷавонон» ва таҷлили ҷашни «20-солагии Ваҳдати миллӣ» дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ-рукни асосии пешрафти ҷомеа» баргузор гардид.

Ба конференсия муовини сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Холмуродов, мудирони бахшҳои бойгонӣ ва директорони бойгониҳои байниидоравии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва даъватшудагон иштирок намуданд.

Конференсияро муовини раиси шаҳри Кӯлоб Кенҷамо Маҷидова бо суханти ифтитоҳӣ кӯшода, меҳмонон ва иштирокчиёнро барои ташриф оварданашон ба шаҳри бостонии Кӯлоб хайрамақдам намуда, иброз дошт, ки соли 2017 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардид ва 27 июн соли ҷорӣ 20-солагии Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад, ки ба ин муносибат дар шаҳри Кӯлоб ҷамъомадҳои муҳим баргузор намудем.

Сипас, муовини сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлат Холмуродов, Зафар Мирзоён – ховаршинос, Насриддинзода Рамазон – мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ вар робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб, Ситамов Сулаймон – мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва дигарон оид ба тарғиби худшиносӣ, тарбияи насли ҷавон, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа, гиромидошти арзишҳои фарҳангиву маънавӣ, дарёфти истеъдодҳо ва арҷгузорӣ ба мероси ғании ниёгон сухонронӣ намуданд.

Дар охир конференсияро мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Муҳаббатшо Шарипов ҷамъбаст намуда, барои иштироки фаъолонаи меҳмонон, иштирокчиён ва барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии ҷашнӣ, миннатдории хешро баён намуд.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11