ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РУКНЕ АЗ САРНАВИШТИ ДАВЛАТИ СОҲБИСТИҚЛОЛ

Таърих баёнгари бузургтарин ҳодисаҳои даврони гузашта аст, ки хирадмандон илмро омӯзгори оқил номидаанд. Имрӯз мо таввассути матбуоти даврӣ, асару мақолаҳои адибону рӯзноманигорон ва олимонро ҷиҳати инъикоси воқоеаҳои солҳои 90-уми Тоҷикистон дар ҳолати парокандагиву фаношавӣ бархурдор шуда, шукри қарорҳои қабулкардаи Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистонро мекунем. Аз он шукргузорӣ мекунем, ки маҳз ҳамин Иҷлосия бо  таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «…бо тақозои таърих, на танҳо тифли дар гаҳворабудаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муайн сохт ва Тоҷикистони тозаистиқлолро ба сӯи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд».

Бисту панҷ сол дар назди таърих муддати чандон тулони нест, вале дар ин давра кишвари мо ба як давлати озоду обод ва рӯ ба тараққӣ табдил ёфта, истиқлолиятӣ худро аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ комил гардонида тавонист. Аз саҳифаҳоӣ таърихии соли 1992 айёме, ки кишварро оташи ҷангӣ шаҳрвандӣ фаро гирифта, хатари нестшавӣ миллатро таҳдид мекард. Маҳз дар чунин як давраи ниҳоят ҳасоси таърихӣ дар Иҷлосияи XVI-уми  Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 кори худро дар шаҳри бостонии Хуҷанд идома дод Эмомалӣ Рахмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Аввалин суханҳои ӯ чунин буд: «Ман ба шумо сулҳ меорам», «То охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, худро ором ҳис намекунам». Ин амалҳои шоистаи фарзанди фарзонаи миллат аввали қадамҳо ба суи Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи кишвари азизамон буд. Дар ин Иҷлосияи таърихии тақдирсоз роҳбарони гурӯҳҳои мухолифин дасти ҳамдигар фишурданд ва заминаҳои сулҳи тоҷикон аз ҳамин Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии ибтидо гирифт. Ин гуфтушунидҳо байни ҳукумати қонунӣ ва мухолифин дар ҳафт давр, чил моҳ тул кашид. Вакилон маҳз дар ҳамин Иҷлосия ба як хулосаи умумӣ омада, тақдири ояндаи давлати миллии тоҷиконро тарҳрезӣ карданд ва ба сӯи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ, сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ қадами нахустини нек гузоштанд.

Билохира 27-уми июни соли 1997 Созишномаи Умумии Истиқрори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ ба имзо расид, ки дар ин маврид устод Лоик Шералӣ фармудааст:

Сулҳу Ваҳдат мафҳумҳоест бузургу пуробуранг, ки он осоиштагӣ, озодии истиқлолият, зиндагии ороми халқу миллат, шодиву нишот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ватандӯстиро ифода мекунад. Маҳз ваҳдат аст, ки имрӯз кишвару миллати моро дар ҷаҳон мешиносанд ва мо ба истиқлолиятӣ давлату миллати хеш фахр аз он мекунем ва шукрона менамоем, ки мардуми соҳибватану соҳибистиқлолем. Ваҳдат барои миллати мо шарафу номус аст ва он бузургтарин дастоварди миллати шарафманду куҳантаърихи тоҷикон маҳсуб меёбад, ки ба бисёр миллату халқиятҳои ҷаҳон муяссар нашудааст.

Кӯшишҳои доимӣ ва пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Масква бо иштироки намояндагони як қатор кишварҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба имзо расид, ки он роҳи сулҳи бебозгаштро дар кишвар муайян менамуд. Ба ҳамагон маълум аст,ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣ,бе талафоти фарзандони вафодору содиқаш ба даст наомадааст. Тоҷикистон роҳи ниҳоят вазнин ва пурпечутоби мислаш дар таърих диданашударо тай намуд. Мардуми мо барои расидан ба ин рӯзҳои тинҷию осудагӣ мушкилиҳои зиёдеро аз сар гузаронидааст. Дар кишварҳое, ки ҷангу низоъ ҳаст одамон ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ мешаванд.

Маҳз барқарории сулҳ ва ризоияти миллӣ буд, ки барои рушди босуръати иқтисодиёти кишварамон, пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ шароитҳои мусоид фароҳам омаданд ва имрӯз таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ватани мо бо қадамҳои боэътимод ба сӯи ояндаи дурахшони худ пеш рафта истодааст.

Аз оғози эҳёи Тоҷикистони навин,Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон манбаи илҳоми ҷомеа ва қутбнамо, асосгузор ва илҳомбахши ғояи ваҳдати миллӣ ва раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, раиси Анҷумани тоҷикон ва ҳамзабонони бурунмарзии мо мебошанд ва бо ифтихор метавон гуфт, ки бо ҷаҳду талошҳои ватанпарастонаашон Тоҷикистонро ба сангари ягонаи донишу фарҳанги ҳама порсиён ва тоҷикони ҷаҳон,ҷилвагоҳи воқеии фарҳанги ростини порсии тоҷикӣ табдил доданд.

         Ояндаи неки давлату миллатро дар сулҳу салоҳ мебинанд ва ба дигарон талқин менамоянд. Асоси ин ниятҳои нек ва ватанпарастонаро, ки ҳамдиёрону дӯстонро ва ҳатто рақибони таърихии моро дар тааҷҷуб овардааст, ғояи «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ташкил медиҳад. Таърихан чунин ғояҳо дар садсолаҳо ва ҳато ҳазорсолаҳо якбор тавлид ва амалӣ мешаванд ва асосгузору амаликунандаи онҳо фардҳои аз ҷиҳати маънави ва зеҳнӣ пурқувват мебошанд. Воқеъан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон,Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомали Раҳмон дорои чунин хислати накӯ ва фарҳанги олӣ мебошанд. Ҳамин ғояи ваҳдати миллӣ ва эҳёи Ватан ҳаст, ки ҳамчун мавҷҳои тӯфон амлҳои фардҳо ва гурӯҳҳоеро, ки ба рушду нумӯи Тоҷикистон зиён меоранд, ба нестӣ бурда истодааст.

        

И.в директори Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» Пиракова Гулистон

 

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11