БУНЁДИ МУАССИСАҲОИ ТИББИЮ ФАРҲАНГӢ ВА ИСТЕҲСОЛӢ БО УСУЛИ ҲАШАР ВА ДАСТГИРИИ  СОҲИБКОРОН

    Дар давоми соли 2017 дар ҳудуди ноҳияи Темурмалик тавассути ҳашар ва дастгирии молии ашхоси саховатпеша, минҷумла соҳибкорони ватандӯсти он як қатор амалҳои нек ба сомон расонида шуданд. Чунончӣ дар деҳаи Баҳманрӯди ҷамоати деҳоти Танобчӣ, деҳаи Рӯҳафзои ҷамоати деҳоти ба номи Сайидмуъмин Раҳимов ва деҳаи Нӯрафшони ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишев биноҳои нави Марказҳои саломатӣ ва китобхонаҳо сохта ба истифода дода шуданд. Айни ҳол бо ҳамин усул сохтмони Марказҳои саломатӣ  ва  китобхонаҳо дар деҳаҳаҳои Офтобрӯя,  Лолазор, Яккасада ва Ҳалқаёри ҷамоати деҳоти ба номи Бобоёнус Худойзода идома дорад.

    Дар ҳамин давра бо ташаббуси соҳибкорони зодаи ноҳия сохтмони осоишгоҳи замонавӣ барои 100 нафар мизоҷ дар як баст, маркази хизматрасонӣ, корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахшу доруворӣ, меҳмонхона, корхонаи маҳсулоти қаннодӣ, корхонаи коркарди маҳсулоти пашму пӯст, корхонаи мебелбарорӣ ва ғайраҳо ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11