БА ТАЪРИХИ ГУЗАШТАИ ХУД АРҶ МЕГУЗОРЕМ!

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи “Авасто” бо иштироки як гурӯҳ донишҷӯёни ихтисоси психологияи ҳуқуқшиносии факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Н. Хусрав, кормандон ва аъзои фаъоли маҳфилҳои назди Осорхона мизи мудаввар дар мазӯи “Ба таърихи гузаштаи худ арҷ мегузорем!” баргузор карда шуд.

Сараввал муовини директори Осорхона чорабиниро оғоз намуда, қайд дошт, ки “Осорхона дар омӯзиш ва рушди нерӯи зеҳнии наврасону ҷавонон ва шаҳрвандон мақоми хоса дошта, рисолати худро тавассути нигораҳо давра ба давра инъикос менамояд, ёфтани зинаҳои таърихиро бо роҳи сайри илмӣ аз нақли роҳбаладон мавриди омӯзиш қарор медиҳад.”

Донишҷӯён ва дигар иштирокчиёни чорабинӣ зимни баромадҳои худ иброз доштанд, ки ҳамеша баҳри бедор намудани ҳисси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои он, пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи ҳомии сулҳу суббот, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти хубу назаррас намуда, саҳми арзандаи худро дар ободии ҷомеа мегузоранд.

Баъди баргузории чорабинӣ аз толорҳои намоишгоҳи Осорхона дидан намуданд.

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11