БА ИЛМ АСТ ҲАР МАМЛАКАТРО МАДОР

Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон беш аз 200 ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқӣ оид ба соҳаҳои илм қабул шудааст. Ин ҳуҷҷатҳои муҳим, ба монанди қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи илм ва сиёсати давлатии илмӣ-техникӣ”, “Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, стратегия ва барномаҳои давлатӣ оид ба рушди илму технология, омода кардани кадрҳои илмӣ дар кишвар ва чандин қарорҳои дигар далели ғамхории давлат ва ҳукумат ба тараққиёти илми тоҷик мебошад.

Ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи апрел дар Тоҷикистон Рӯзи илм таҷлил мегардад. Доир ба дастовардҳо ва мушкилоти илми муосири тоҷик суҳбати ихтисосие доштем бо ШАРОФАТ ХУДОЙДОДОВА, ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, ки фишурдаи он манзури хонандаи арҷманди рӯзномаи “Хатлон” мегардад.

- Шумо ва кулли олимону зиёиёни тоҷикро ба муносибати Рӯзи илм, ки ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мешавад, шодбош гуфта, дар корҳои илмию эҷодиатон пирӯзӣ мехоҳем. Дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи илм бо ташаббус ва сиёсати хирадмандонаю илмпарваронаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илм, дар баробари маорифу фарҳанг, аз самтҳои афзалиятноку стратегии рушди миллӣ эътироф гардидааст. Лутфан, бигӯед, ки аз нигоҳи Шумо, муҳимтарин дастовардҳои илми тоҷик дар солҳои охир кадоманд?

- Ташаккури зиёд, барои даъват ба суҳбат атрофи рушд ва мушкилоти илми муосири тоҷик. Рӯзи илми тоҷикро ба ҳамаи ҳамватанон, хоса ба олимону муҳаққиқони кишвар табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорам, ки илмашон ҳамеша ба амал ёр, қадрашон ҳазор ва дар роҳи пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз муваффақу сарфарозу комёб бошанд.

Рашидуддин Ватвот гуфтааст:

Ба адл аст ҳар салтанатро субот,

Ба илм аст ҳар мамлакатро мадор.

Дастоварди муҳимтарин ва пуразиштарини илми тоҷик дар шароити соҳибистиқлолии кишвар ба даст овардани истиқлолияти илмист. Афзоиши теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, институтҳои таҳқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти Шӯроҳои диссертатсионӣ ва, муҳимтар аз ҳама, таъсис ёфтани Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон далели шарафёб гардидан ба истиқлолияти илмӣ дар кишвар маҳсуб меёбанд. Имрӯз аҳли илми кишвар аз ҳар ҷиҳат, бо истифода аз захираҳои мавҷуда дар худи кишвар метавонанд дар рушди илми ватанӣ ҳиссагузор бошанд ва муҳимияти тадқиқоти анҷомдодашударо моли илми ҷаҳон гардонанд. Яъне, ба андешаи мо, илм танҳо ватанӣ буда наметавонад ва он бояд вобаста ба натиҷабахшию самаранокӣ хусусият ва арзишҳои умумибашариро инъикос намуда, аз ҷониби ҷомеаҳои ҷаҳонии илмӣ эътироф гардад.

Агар аз боби дастовардҳо ҳарф занем, дар пайравӣ ба салиқаи закии ниёкон, имрӯз олимону муҳаққиқони тоҷик ба комёбиҳои назаррас дар самти кашфи ҷузъиёти кайҳон бо истифода ва фаъол гардонидани бузургтарин расадхонаҳои Ҳисору Санглох ва дастгоҳҳои мукаммали зилзиласанҷӣ, саҳм гирифтан дар ҳалли мушкилоти об ва таъминот бо неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар сайёраи Замин, пешниҳоди маводи гуногуни доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон, пажӯҳишҳои антропологӣ, таърихию бостоншиносӣ, истифодаи захираҳои канданиҳои фоиданок бо тарғиби фарҳангу адабиёти ғании форсу тоҷик кишвари азизамонро ба аҳли ҷаҳон муаррифӣ месозанд.

- Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид карданд: “Илм дар шароити муосир нақши калидӣ дошта, ба рушду тараққиёти давлат мусоидат менамояд”. Аммо Роҳбари давлат ҳанӯз аз кам будани ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар кишвари мо ва назаррас набудани бозёфтҳо дар илмҳои дақиқ ва техникиву технологӣ изҳори таассуф карда буд. Барои беҳтар кардани сифати пажӯҳишҳо дар ҷодаи илмҳои дақиқ, ҷалб намудани афроди лаёқатманд, ихтироъкор ва навҷӯ ба ин самт ва ноил шудан ба натиҷаҳои чашмрас чӣ корҳоеро метавон ба сомон расонид?

- Асри ХХI бо тараққиёти бесобиқаи технология пешорӯи ҷомеаи шаҳрандӣ автоматикунонии раванди иқтисодиёту иҷтимоиётро гузоштааст ва барои ноил шудан ба дастовардҳо дар кулли бахшҳои хоҷагии халқ масъалаи тарбия ва ташаккули халлоқият, муносибати эҷодкорона ва ташаббускориву созандагӣ ба миён омадааст. Ҳамин аст, ки дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ироа гардиданд, дар ҳоли ҳозир дар сатҳи вилояту шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, фаъол гардонидани марказҳои ихтироъкорону навоварон, рушди истеъдодҳо ва касбият, маҳфилҳои фаннӣ барои муҳассилин ва муҳаққиқони тоҷик заминаҳои мусоиди эҷод ва таҳқиқро муҳайё намудаанд.

- Баланд бардоштани сифати рушди неруи инсонӣ яке аз ҳадафҳои меҳварии Ҳукумати кишвар дар панҷ соли оянда эълон шудааст. Қарор аст, ки то панҷ соли оянда ҳамаи аҳолии калонсол ҳадди ақал соҳиби маълумоти миёнаи умумӣ ва на кам аз нисфи аҳолии қобили кор соҳиби таҳсилоти миёна ва олии касбӣ хоҳад шуд. Оё муассисаҳои таълимии кишвар, дар мисоли ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, барои расидан ба ин ҳадаф барномаи хосе рӯйи даст доранд?

- Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва роҳи расидан ба ҳадафҳои ҳазорсолаи рушд собит кард, ки дар тамоми давраҳои тараққиёт ва форматсияҳои ҷамъиятӣ фақат сармоя (капитал) наметавонад манбаи асосии таъмини ҳама ниёзҳои мардум бошад. Худи ба даст овардани сармоя (тавассути ба кор андохтани саноат ё ҷалби инвеститсияи хориҷӣ), бо кадом роҳе, ки бошад, истифода аз неру ва захираҳои бузурги ақлию зеҳнии кишварро тақозо менамояд. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд:

Бойигарии асосии кишвари мо фарзандони бонангу ор ва баномусу фарзонаи он мебошанд”. Маҳз бо мақсади тарбияи мутахассисони баландпоя ва соҳибтахассус баланд бардоштани сифати рушди неруи инсонӣ яке аз ҳадафҳои меҳварии Ҳукумати кишвар қарор дода шудааст.

- Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки мақомоти давлатӣ потенсиали илмию таҳқиқотии донишгоҳҳои кишварро барои анҷом додани пажӯҳишҳои муҳим, таҳқиқоти сотсиологӣ, таҳияи барномаҳои амал барои рушди соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёти мамлакат хеле кам ба кор мебаранд. Яъне донишгоҳҳои мо, ҳамон гуна ки ин таҷриба дар кишварҳои мутараққӣ зиёд ба мушоҳида мерасад, аз ҷониби институтҳои алоҳидаи давлатӣ барои гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ, ки барои талаботи давлат равона гардад, мавзӯъҳои фармоишӣ намегиранд ё хеле кам мегиранд. То куҷо ин иддао дуруст аст? Масалан, олимони ДДК феълан рӯйи кадом корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ кор мебаранд, ки дар оянда истифодаи амалии онҳо дар рушди истеҳсолоти ватанӣ пешбинӣ шудааст?

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ 20.01.2016 таъкид доштанд: «…муассисаҳои илмиро зарур аст, ки ҷиҳати ба сиёсати имрӯза мутобиқ намудани мавзӯъҳои фармоишӣ чораҷӯйӣ карда, таҳқиқи масъалаҳои умдаи давлатдории миллиамонро бо дарназардошти пешрафти иқтисоди миллӣ, ояндаи кишвар ва ҳалли мушкилоти мубрами ҷомеа анҷом диҳанд».

Воқеан ҳам, дар шароити имрӯзаи пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ба амал баровардан ва дар истеҳсолот татбиқ намудани назарияҳои илмии исботшуда, ки ба талаботи рӯзмарраи давлат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат равона гардидаанд, хеле муҳим арзёбӣ гардида, ҳамасола Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мавзӯҳои илмӣ-фармоишӣ маблағҳои муайян ҷудо менамояд.

Хушбахтона, саҳми олимону муҳаққиқони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар пешбурд ва таъмини иҷрои мавзӯъҳои фармоишии Вазорати маориф ва илм сол то сол тақвият ёфта, теъдоди пажӯҳишҳо меафзояд. Агар солҳои қаблӣ олимони донишгоҳ аз рӯйи як ё ду мавзӯъ тадқиқотро дар доираи мавзӯъҳои фармоишӣ шурӯъ карда бошанд, ин теъдод дар соли 2013-2014 аллакай ба 4 мавзӯъ бо маблағгузории 203 ҳазору 890 сомонӣ, дар солҳои 2015-2016 ба 11 мавзӯъ бо маблағгузории 611 ҳазору 235 сомонӣ ва дар соли 2017 ба 10 мавзӯъ расонида шудааст, ки нисбат ба солҳои пешин 57 ҳазору 876 сомонӣ зиёд мебошад. Масъулини мавзӯъҳои илмӣ-тадқиқотии фармоишӣ аз ҷумлаи ҳайати профессорону омӯзгорони (профессорон Каримов С.К., Ибодов М.О., Мирзоев С.С., дотсентон Изатуллоев К., Азамов Х.С., Расулов Н., Назаров П., Юнусов Ш., Одинаева С., Хидиров Х.) донишгоҳ буда, самтҳои асосии корҳои онҳоро илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ ташкил медиҳад.

- Иддае аз муҳаққиқоне, ки дар муассисаҳои илмии музофот кор мекунанд, мегӯянд, ки шароити кору зиндагӣ, пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ дар сатҳи маҳал, дар муқоиса бо пойтахти кишвар ва шаҳрҳои калон маҳдудтар аст. Чунин ҳам шуда, ки теъдоде аз олимони хубу пурмаҳсули маҳаллӣ ба донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳои маркази мамлакат рафтаанд ё майли рафтан доранд. Назари Шумо ба ин масъала чист ва барои беҳтар кардани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимон ва дар сатҳи маҳал фароҳам овардани имконот барои корҳои илмию таҳқиқотӣ чӣ бояд кард?

- Мушкили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар ҳама давру замон монеи пешрафт будааст, вале чун дар боло қайд намудем, дар шароити кунунӣ, ки заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва институтҳои илмию таҳқиқотӣ рӯз аз рӯз мустаҳкам мегардаду барои пешбурди тадқиқотҳои илмӣ аз ҷониби давлату Ҳукумат маблағгузории кофӣ барои сафарҳои хизматӣ, дифои рисолаҳои номзадию докторӣ, таъмини олимони ҷавон бо манзили истиқоматӣ ва дигар дастгириҳо роҳандозӣ мешавад, ба таъсир расонидани ҳеҷ як омили манфӣ ҷой намемонад. Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии сатҳи музофот низ Шӯроҳои диссертатсионӣ, шуъбаҳои аспирантураю докторантура амал мекунанд ва имконияти таҳсил, чӣ дар марказ ва чӣ дар музофот, фароҳам аст.

- Шумо, ки яке аз бонувони муваффақи пажӯҳишгар ҳастед, нақши занони муҳаққиқро дар рушди илми тоҷик чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Аввалин устоди инсоният зан-модар аст. Ҳамаи пайғамбарону нобиғаҳо низ фарзандони фарзонаи модаранд. Ҳамин рисолат гувоҳи нақши боризи зан дар тамаддуни башарият арзёбӣ мегардад. Вазъи солҳои охири машғул гардидан ба корҳои илмӣ-тадқикотӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ нишон медиҳад, ки теъдоди ҳимояи рисолаҳои илмӣ ва шомил гардидан ба магистратура, аспирантура ва докторантураи РhD аз ҷониби занону бонувон рӯ ба афзоиш аст. Айни замон, дар донишгоҳ 16 нафар занони дараҷа ва унвонҳои илмидор фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 15 нафарашон номзади илм ва 1 нафар доктори илм мебошад. Дар шуъбаи аспирантура ва докторантураи РhD бошад, 28 нафар занону духтарон таҳсил доранд, ки аз инҳо 4 нафарашон рисолаҳои номзадии хешро барои дифоъ пешниҳод намудаанд.

- Аз нигоҳи Шумо, омили аслии ба илмҳои бунёдӣ камтар рӯ овардани ҷавонон чист? Бо кадом роҳу васила ҷавононро ба пешбурди корҳои илмиву таҳқиқотӣ, бахусус, дар ҷодаи илмҳои дақиқ ҷалб намудан имконпазир аст? Раёсати ДДК ҷиҳати тарбияи муҳаққиқони ҷавони ихтироъкору навовар чӣ тадбир меандешад?

-Аҳли илму маърифати ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мунтазам фаъолияти хешро дар самти татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтаршавии сифати таълим, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ ва дурӣ ҷустан аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа равона менамояд ва дар меҳвари ин тадбирандешиҳо баланд бардоштани потенсиали илмӣ қарор дорад. Вобаста ба ин, ҳамасола хатмкунандагони болаёқати бахши магистратура ба шуъбаҳои аспирантура ва докторантураи РhD, бахусус, ба самтҳои илмҳои дақиқ ва табиӣ тавсия карда мешаванд. Бо мақсади дастгирии иҷтимоии аспирантон ва олимони ҷавон ва ҳавасмандгардонии онҳо дар донишгоҳ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, муҳаққиқони ҷавон барои ҳимояи рисолаи номзадӣ бо 3000 сомонӣ ва барои рисолаи докторӣ бо 5000 сомонӣ тацдир мешаванд, инчунин, онҳо ба гирифтани идрорпулии раиси вилояти Хатлон, мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ, ҳамчунин, ба хонаҳои истиқоматӣ, қитъаи замин пешниҳод мегарданд.

Суҳбаторо

Ҳангомаи ИСМАТ,

“Хатлон”

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11