Баргузории мусобиқаҳои варзишӣ

      Бо мақсади амали намудани дастуру супоришҳои  Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз вохӯрии ӯ бо варзишгарон, ки 20 декабри соли 2010 бармеояд, муассисаи давлатии «Мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Хатлон» дар давраи таътили зимистонаи соли 2018 низ як қатор чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва тарбиявиро ба нақша гирифта дар доираи ин нақшаҳо дар нимаи аввали моҳи январ дар гурӯҳҳои варзишии муассиса мусобиқаҳои санҷишӣ гузаронида шуданд.

        Рӯзи 17 январи соли 2018 дар толори вазнбардорӣ дар кӯчаи Айнии шаҳри Қӯрғонтеппа мусобиқаи кушод бо иштироки дастаҳои муассисаҳои давлатии «Мактаби варзишии №1», «Маҳорати олии варзишии вилояти Хатлон» ва «Мактаби варзишии шаҳри Қӯрғонтеппа» баргузор карда шуд.

        Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 40 нафар варзишгарони мактабҳои варзишии болозикр ширкат варзида, ҳолати тайёрии худро ба мусобиқаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявии соли 2018 муайян намуданд.

       Ғолибони мусобиқаҳои санҷишии мазкур бораи иштирок дар мусобиқаи кушоди ноҳияи Данғара, ки рӯзҳои 20-21 январи соли равон ба нақша гирифта шудааст, роҳхат гирифтанд.

      Инчунин мураббиён нақшаҳои инфиродиро ҷиҳати тайёрии варзишгарон ба мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, ки нимаи аввали соли равон баргузор мегарданд мукаммал мегардонанд.

 

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11