Баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ

    Ба иттилои масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Кумита ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар шаҳру ноҳияҳои вилоят машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ баргузор карда мешаванд. Аз ҷумла, субҳи барвақти рӯзи 10 феврали соли равон дар хиёбону боғҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят машқҳои пагоҳирӯзӣ бо ҷалби табақаҳои гуногуни ҷомеа баргузор гардид.

     Дар 3 қитъаҳои маркази вилоят шаҳри Қӯрғонтеппа чунин машқҳои пагоҳирӯзӣ бо ҷалби беш аз 500 нафар баргузор гардид. Дар умум дар сатҳи вилоят беш аз 2770 нафар сокинон аз ин шумора 548 нафар бонувон ба машқҳои пагоҳирӯзӣ ҷалб гардиданд.  

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11