АКСИЯИ «ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ» БА МУНОСИБАТИ «ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ»

Рӯзи 2 декабри соли равон дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо дасгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ба муносибати «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» аксияи «Ҳифзи муҳити зист» бо иштироки ҷавонон ташкил карда шуд.

Дар қитъаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа беш аз 1000 нафар ҷавонон кӯчаву хиёбонҳо, боғу гулгаштҳоро тоза ва бехи дарахтонро нарм намуданд.

Ободкориву созандагӣ аз азал одати неки мардуми тоҷик буда, ҷавонони имрӯза низ бо ташкил намудани чунин аксияҳо собит менамоянд, ки идомадиҳандагони кору фаъолияти созандаи ниёгони хеш мебошанд.

Чунин иқдомҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят низ ташкил карда мешаванд.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11