АЗНАВСОЗИИ САҲНИ ЧИЛЧАНОРҲОИ ХОВАЛИНГ

Маркази ноҳияи Ховалингро чилчанорҳои бузургу чашмаҳои сарди саҳни он шаҳомати бештар бахшидааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади шукӯҳу шаҳомати тоза бахшидан, ба саҳни ин муъҷизаи беназири табиат корҳои навсозиро ба роҳ монда, ҳамаи иншоотҳои кӯҳнаи хизматрасони онро ба иншоотҳои замонавии дилкашу зебо, мавриди табдил қарор доданд.

-Айни ҳол дар кори азнавсозӣ беш аз 50 нафар мутахассисони соҳаи сохтмон ҷалб карда шудаанд. Ҳамаи корҳои азнавсозӣ тавассути саҳмгузории соҳибкорони маҳаллию ашхоси ватандӯсти ноҳия ба анҷом расида истодаанд. Мақсад дорем, ки кори азнавсозиро то Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, бо сифати баланд ба анҷом расонем. Акнун ин гӯшаи зебои табиат бо пайдо кардани симои дилрабо, макони диданибоби меҳмонону сокинони ноҳия хоҳад гардид,- гуфтанд дар суҳбат раиси ноҳия Нурулло Мирзозода.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11