АВВАЛИН ПИРӮЗИИ “ПАНҶШЕР” ДАР ЛИГАИ ОЛИ

 Дар даври чаҳоруми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар майдони худ тими «Барқчӣ»-и Ҳисорро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

 Пирӯзии аввалинро дар мусобиқаи имсола ба «Панҷшер» ду голи Алишери Ҳотам овард. Дар бозии дигари даври чаҳорум ССКА «Помир»-и Душанбе бар дастаи меҳмон - «Хатлон»-и Бохтар – бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври чаҳорум дар ҷадвали мусобиқа дастаи «Хуҷанд» бо 10 имтиёз дар мақоми аввал қарор дорад. Тими «Истиқлол», ки як бозӣ камтар кардааст, бо 9 имтиёз мақоми дувумро касб намудааст. ССКА «Помир»-и Душанбе бо 6 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудааст. Дар даври панҷуми мусобиқа «Хатлон» бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ (13-уми апрел) ва «Регар-Тадаз» бо «Панҷшер» (14-уми апрел) вомехӯранд.

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11