«ФАРАҲ» РОҲИ БОНУВОНИ СОҲИБКОРРО БА ФАРДОИ ДУРАХШОН МЕКУШОЯД

   13-уми марти соли равон аз тарафи Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар дар мавзӯӣ “Озмуни Фараҳ-2018 воситаи беҳтар кардани муҳити соҳибкории занон, дарёфт ва эътирофи соҳибкорзанони муваффақ” мизи мудаввар баргузор гардид.

  Малика Мирзобаҳодурова, директори иҷроияи АМЗСТ ба чорабини ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳадаф аз ин ҷамъомадро маълумотдиҳӣ ба соҳибкорзанони вилояти Хатлон оид ба озмуни бонуфузи ҷумҳуриявии «Беҳтарин бонуи соҳибкори сол» ҷоизаи «Фараҳ-2018»  унвон намуд. Ӯ ҳамчунин афзуд: «Ман ба иродаву ҷасорат ва донишу малакаи соҳибкории бонувони ин минтақаи кишвар эътимод дорам ва умедвор ҳастам, ки онҳо дар озмуни имсола низ фаъолона ширкат меварзанд.  Иштирок дар ин озмун имконияти хубест барои эътироф ва муаррифии муваффақиятҳои занон, баланд бардоштани малакаву маҳорати касбӣ,  ба роҳ мондани робитаҳои ҳамкорӣ бо дигар соҳибкорон мебошад».

  Ҳамчунин гуфта шуд, ки мақсад аз барпо намудани озмун баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, рушд ва дастгирии занони соҳибкор, васеъ паҳн намудани таҷрибаи беҳтарини онҳо дар соҳаҳои гуногун, дарёфти чеҳраҳои муосири занони соҳибкор, омӯзонидан ва табодули таҷриба дар тренингҳои мухталифи дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он, мусоидат намудан барои муттаҳидии онҳо дар Тоҷикистон мебошад.

  Ин дафъа низ озмуни мазкур дар доираи Лоиҳаи USAID «Соҳибкории бонувон воситаи васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ ва кумита идораҳои давлатию шарикони рушд баргузор мегардад.

  Зарнигор Бегова, муовини Сардори Раёсати Сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят оид ба соҳибкории занон, дастгириҳои давлатии онҳо ва таъмини муҳити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ сухан ронд. Ӯ афзуд, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ тадбирҳои мушаххас андешидааст.

 Сипас, Раҳимзода Раъно – Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба сухан баромада, гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон алалхусус Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ҳамеша мавқеи занро дар ҷомеа боло гузошта, ҳамаи ташаббусу иқдомҳои бонувонро дастгирӣ мекунанд ва барои рушди босуботи онҳо шароиҳоити мусоидро фароҳам овардардаанд.

  “Аз андоз озод шудани 104 номгӯи ҳунарҳои мардумӣ низ яке аз дастгириҳои барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти соҳибкорӣ мебошад. Илова бар ин ҳамасола занони фаъол аз грантҳои президентӣ, грантҳои раиси вилоят ва шаҳру ноҳияҳо баҳравар гардида, бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди соҳибкорӣ онҳоро самаранок истифода мебаранд” – идома дод Р. Раҳимзода.

  Муҳаббат Нозимова, корманди АМЗСТ низ дар навбати худ оид ба шартҳои озмуни Бонуи соҳибкори сол – “Ҷоизаи Фараҳ-2018”, маълумот дода, тарзи дурусти пешниҳоди дархост барои иштирок дар онзмунро ба занони соҳибкор фаҳмонд. Ҳамчунин ӯ иттилоъ дод, ки озмун аз рўи шаш номинатсия- соҳаҳои истеҳсолот, хоҷагии қишлоқ, ҳунарҳои мардумӣ, хизматрасонӣ (кошонаи ҳусн, сехи дӯзандагӣ, IT, вебсайтҳо, меҳмонхонаҳо, агентии сайёҳи, хӯроки умум ва ғайра), хизматрасонии тиббӣ ва таълимӣ ва оғози тиҷорати нав (на кам аз 2 сол) баргузор мегардад.

  Ҳамин тавр мизи мудаввар бо шунидани фикру андеша ва таассуроти ғолибони озмунҳои қаблии “Фараҳ” ва таърихи муваффақияти онҳо ҷамъбаст гардида,  аз тарафи ташкилкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки бонувони соҳибкор дар озмуни имсола низ фаъолона иштирок намоянд.

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11