«ДАРГОҲИ ҲУНАР»

   Таҳти ҳамин унвон озмуни вилоятии муассисаҳои клуби деҳотӣ бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 гузаронида мешавад.

   Тавре ки аз Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон ба рӯзномаи “Хатлон” иттилоъ доданд, озмуни мазкур ба ривоҷу равнақи фаъолияти муассисаҳои клубии вилоят мусоидат намуда, нақши онҳоро дар ташаккули ҳисси зебоипарастӣ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандони мамлакат, қабл аз ҳама ҷавонон, боз ҳам баланд мебардорад. Фаъолияти бонизоми муассисаҳои фарҳангӣ барои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистиву ифротгаро, оворагардӣ, баланд бардоштани маънавиёти аҳолӣ, васеъ гардидани ҷаҳонбинии мардуми маҳал ва таълиму тарбияи насли наврас воситаи асосӣ мебошад. “Озмун аз 1 феврал то 20 октябри соли 2018 дар ду давра: даври аввал - дар шаҳру ноҳияҳо ва даври дуюм - дар сатҳи вилоят бо иштироки клубҳои беҳтарини деҳотии шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор карда мешавад. Шаҳру ноҳияҳо беҳтаринҳоро барои иштирок дар даври вилоятӣ то 1 ноябри соли 2018 пешниҳод менамоянд. Ҷамъбасти озмун 6 ноябри соли 2018 дар шаҳри Қӯрғонтеппа гузаронида мешавад”, - афзуд манбаъ.

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11