ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК

Раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар доираи рӯзи қабули сайёри шаҳрвандон, бо сарварони ташкилоту муассисаҳои вилоятиву минтақавӣ  ба ноҳияи Темурмалик омада, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  он,  гурӯҳи шаҳрвандони арзу ниёз доштаро ба ҳузӯр пазируфт.Чунончи сокини деҳаи Шибанайи деҳоти ба номи Бобоюнус Худойзода Раҳматулло Саъдуллоев дар ибтидои қабул ба раиси вилоят арз намуд, ки солҳои охир дарёи Сурхоб дар мавсими обхезиҳои баҳорӣ, як қисм соҳилҳои аҳолинишинӣ деҳаи онҳо, ба хусус шаҳраки Совету деҳаи Танобчиро  шӯста, дар вазъи ногувор қарор додааст.Аз ин хотир, баҳри пеш наомадани ходисаи нохуши табиӣ, хоҳиш мекунам, ки дар мустаҳкам намудани соҳилҳои осебпазири дарёи мазкур мусоидат намоед.Раиси вилоят дар баррасии масъалаи мазкур, ёдрас  шуданд, ки дар баъзе ҳолатҳо худи шаҳрвандон барои таҳкурсии хонаҳои навбунёди худ шуда, сангҳои  симтурҳои соҳилҳоро мавриди истифода қарор дода, бо ин амали носавобашон сабабгори хатарзо гардидани соҳилҳо мешаванд.

Назир Ҳикматов, сокини деҳоти ба номи Саймуъмин Раҳимов аз номи бошандагони деҳоти мазкур шикоят намуд, ки бинобар сабаби  корношоям гардидани насоси чоҳи амудӣ, моҳҳо боз аз нарасидани оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд.Кӯдакон аз масофаи 12 километр роҳ, тавассути  истифодаи хару аробаҳо, оби ошомиданӣ мекашонанд. Д. Гулмаҳмадзода дар ҳалли  масъалаи мазкур ба масъулони соҳа дастур доданд, ки ба таври таъҷилӣ чора андешида, хатти оби ошомиданиро фаъол намоянд.

Омӯзгори гимназияи давлатии ноҳия Турсунбӣ Турдиева вобаста ба арзи худ хоҳиш намуд, ки дар пахши мавҷи телевизиони «Хатлон» дар ҳудуди ноҳия, чораҳои техникӣ андешида шавад.

-30 сол инҷониб заминҳои ба хоҷагиҳои деҳқонии мо вобаста буда, бинобар сабаби аз фаъолият боз мондани    пойгоҳи обкашӣ, ба сифати заминҳои лалмӣ истифода мешаванд. Пойгоҳи обкашӣ дар тавозуни яке аз хоҷагиҳои деҳқонисту лек он хоҷагӣ аз ӯҳдаи таъмиру барқарор намудани он баромада наметавонад.Хоҳиш онро дорем, ки дар барқарор намудани пойгоҳи обкашии деҳаи мо дасти кӯмак расонед, то аз заминҳои хеш самаранок истифода бурда тавонем,- арз намуданд сокини деҳаи Ҷайралии деҳоти Танобчӣ Давлат Амиров.

Сокини деҳоти Қарақамиш Нурулло Ҳамидов хостори дар деҳаи Даҳани Намак бунёди  муассисаи таълимӣ ва сокини деҳаи Чилчаи деҳоти ба номи Бобоюнус Худойзода хоҳиши тезонидани суръати сохтмони клуби деҳа шуданд.

Раиси вилоят Далатшоҳ Гулмаҳмадзода баъди шунидану баррасии арзу ниёзи шаҳрвандон, инчунин дар хусуси вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳия таваҷҷӯҳи хоса намуда, аз масъулони  соҳаҳои мазкур суолу  пурсишҳо карданд.                                                      

 

 

 

                                                                       

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11