Чакан – Куртаи «Наврӯзӣ»

  Чакандӯзи, гулдӯзи, сӯзанию даравшакдӯзӣ миёни занон хеле маъруф буда, салиқаву маҳорати баланди эҷодиро талаб мекунад. Маҳз бонувони тоҷик ин ҳунарро ҳазорсолаҳо боз нигоҳ дошта, аз насл ба насл то ба забони мо расонидаанд. Яке аз навъҳои кашидадӯзи, ки ҳар бинандаро ба таҳайюр меорад, чакан аст. Он аз навъи маснуоти хеле қадимӣ буда, Дар кадом аср пайдо шудааст, дақиқ маълум нест. Аз рӯйи баъзе маълумот дар ибтидо дар рӯйи чӯб, устухон, чарм зарфҳои филизӣ нақшҳои гуногун мебароварданд, ки он баъдтар чакан ном гирифт.

  Чакан дар худ хусусиятҳои хоси миллӣ, шаклҳои тааҷҷубовар, қиссаҳои аҷиби наҷибро доир ба маишат ва зеҳнияти халқ нигоҳ доштааст. Дар масири таърих маишат, ҳастӣ ва зеҳнияти мардуми мо тағйиру иловаҳо ёфтааст, аз ин рӯ, атрофи чакан ё гулдӯзӣ, ки ба қавли бостоншиносон, таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад, андешаҳои гуногун мавҷуданд.

  Дар замонҳои қадим чакан бештар мазмуни динӣ дошт. Нақши офтоб, моҳтоб, ҳайвонҳои гуногун оташ, ки онҳоро одамон муқаддас медонистанд ва парастиш мекарданд, дӯхта мешуд. Чун дар гузашта офтоб муқаддас маҳсуб меёфт, дар чакан нақши косагулро ҷой медоданд ва онро рамзи офтоб медонистанд. Ва ҳам ин нақш ба он хотир истифода мегардид, ки домон пок боша два Худованд нигаҳбон.

  Нақши забонаи оташ низ дар чакан мавҷуд аст, ки пеш аз ислом он рамзи ҳаёт ва нур дониста мешуд. Аммо оҳиста-оҳиста, бо мурури замон, ин нақшҳо хусусияти диниашонро гум кардан два ба нақшҳои одӣ ва гулҳои гуногун табдил ёфтаанд.

 Мардум санъати асил, санъате, ки ба зисти суннатӣ  ва милии онҳо робита дора два пайвандгири замонҳост, ба макону вақти тавваллудаш нигоҳ накарда, онро ҳамеша нигоҳ медоранд. Нақшу нигори чакан инъикосгари табиат аст. Ва чеварони гулдаст аз қадим то имрӯз кӯшидаанд таровату зебоии табиати Ватан, маишат ё ҷойи зисти худро бо риштаҳои ранга дар матоъ инъикос кунанд.

   Чакандӯзию чаканпӯшӣ имрӯз ҳам миёни мардуми мо маъмул аст.

  Он пайванди симои таърихӣ ва кунунии мост. Вале либосҳои чакан имрӯз на ба як либоси маъмулӣ, балки бештар ба либоси идона табдил ёфта, онро дар ҷашни арӯсӣ ва бештар дар Нарӯз ба бар мекунанд.

  Вақте хурд будам, баробари омад-омади баҳор модарам барои ман куртаи чакан медӯхт, дар матои шоҳии сабзу сурх ва сафед. Куртаҳои дӯхтаи модарам нақшҳои гуногун дошт, аз риштаҳои ронгоранг дӯхта мешуд. Басо дилрабову мафтункунанда буданд. Духтарони дигар низ ҳатман дар иди Наврӯз куртаи чакан ба бар мекарданд. Ва ин бе сабаб нест. Воқеан, зебоиҳои табиати кишвари мо дар чакан инъикос худро ёфтаанд. Чакан моро на танҳо ба гузаштагонамон мепайванданд, балки дар тарбияи завқи зебоишиносӣ ва дӯстдории он тарбият мекунад.

Он дар баробари Наврӯз бозгӯи таммадуни қадимаи миллати мост.

  Дар чакан ба асрори ин ҷашни бошукӯҳ, баҳори гулбасар, ҳунари ниёгони бошарафамон нуҳуфтааст, ки таҳқиқи хосаро мехоҳад аммо ҳаминаш маълум мебошад, ки Наврӯз ҳусни чакан ва чакан ҳусни Наврӯз аст. Ва ҳам таъкидест, ки ин миллат бо ҳама куҳанбунёдии худ чун зебоиро асту шукуфоиро арҷ мегузорад, ҳамеша ҷавон мемонаду пойдор.

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11