ТАТБИҚИ 33 ЛОИҲАИ САРМОЯГУЗОРӢ

    Дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилояти Хатлон 33 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ гардида, аз ҳисоби онҳо 390 миллион сомонӣ маблағҳо аз худ карда шудааст.

     Ба иттилои Қурбон Қурбонов, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар вилояти Хатлон, то имрӯз дар соҳаҳои иқтисодии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ ба маблағи 1,6 миллиард доллари амрикоӣ сармоя, аз ҷумла ба маблағи 1,4 миллиард доллар сармояи мустақими хориҷӣ амалӣ шуда, танҳо дар соли 2017 ба маблағи 20,5 миллион доллари амрикоӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст. “Лоиҳаҳои сармоягузорӣ асосан ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, об, ирригатсия, энергетика, коммуналӣ ва нақлиёт равона карда шудааст”, - афзуд Қ. Қурбонов.

 

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11