Дастгирӣ нисбати ятимону бепарасторон

       Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, дар доираи Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2016 – 2018 ба 70 нафар тарбиятгирандагони Мактаб- интернати ятимону бепарасторони ноҳияи Қубодиён, кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.

       Аз ин иқдом тарбиятгирандагон хеле хушҳол гардида, иброз намуданд, ки мактабро бо баҳои хубу аъло хатм намуда барои рушди кишвар саҳми хешро мегузоранд.

       Дар суҳбат бо тарбиятгирандагони Мактаб-интернат намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, қайд намуд, ки дар соли 2018 низ тарбиятгирандагони Мактаб – интернат ба чорабиниҳои гуногуни маърифативу фарҳангӣ, махсусан соли 2018  ҳамчун “Соли  рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст, наврасон ба саёҳат ба мавзеъҳои таърихиву фарҳангии кишвар бештар фаро гирифта мешаванд.

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11