МАҲФИЛИ «ОИЛАИ БЕҲТАРИН»

Баҳри амалӣ гардидани Амри раиси вилояти Хатлон аз 17 январи соли 2017, №2 «Дар бораи баргузор намудани чорабинии маърифтию иттилоотӣ» таҳти унвони «Корвони маърифат» рӯзи 21 апрели соли равон аз ҷониби Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Носири Хусрав бо ҷалби 6 оилаи намунавии собиқадору рӯзгордида ва иштироки беш аз 500 нафар ҷавонону духтарон ва падару модарон маҳфили «Оилаи беҳтарин» доир намуд.

Дар саҳни қасри фарҳанг намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва ҳунари кадбонугии занони ноҳия ба марази тамошо гузошта шуд.

Маҳфил хело хотирмон баргузор гардида, оилаҳо аз зиндагиномаи худ ба ҷавонон ҳикоятҳо намуда, онҳоро ба Ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги либоспӯшӣ, эҳтироми калонсолон, донишандӯзӣ ва сабру тоқат ҳидоят намуданд.

Дар охир ба оилаҳои намунавӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шуда, барномаи ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия хотири ҳозиринро шод гардонид.

SAM_4171.JPG

SAM_4142.JPG

Официальные сайты

Мы в социальных сетях

Общественные навыки

Свяжитесь с нами

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11