ВОХӮРИИ СУДМАНД БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ИСТИҚЛОЛ

Бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу равияҳои ифротгаро ва баланд бардоштани ҳуввияти миллии ҷавонон, татбиқи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» гурӯҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳайати кормандони мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатии вилоят дар Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Носири Хусрав бо ҷавонон, коллективи хонандагон, омӯзгорон ва аҳли ҷамоатчигии маҳал сӯҳбат оростанд.

Дар чорабинӣ гурӯҳи таблиғотӣ оид ба коҳиши се ниҳод- оила, мактаб ва ҷомеа дар тарбия ибрози андеша намуда, барои ноил гардидан ба ҳадафи асосӣ мардумро ба фаъолият ва ҳамбастагии ин ниҳодҳо ҳидоят намуданд. Ба хусус таъкид карда шуд, ки ноҳияи Н. Хусрав ноҳияи сарҳадӣ буда таъсири омилҳои берунӣ метавонад дар тарбияи фарзандон таъсири худро расонад.

Дар фарҷом байни иштирокдорони вохӯрӣ сӯҳбати озоду самимӣ доир гардида, аз ҷониби омӯзгорон, мактаббачагон ва ҷавонони як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд иброз гардид.

Официальные сайты

Мы в социальных сетях

Общественные навыки

Свяжитесь с нами

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11