ШАҲШ ОИД БА САБАБҲОИ ПОШХӮРИИ ОИЛАҲО ВОХӮРӢ ДОИР НАМУД

Шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон бо фаъолони деҳаи Бешкенти Ҷамоати Наврӯзи ноҳияи Носири Хусрав ҷиҳати боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар мавзӯҳои “Пешгирии оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ”, “Сабабҳои пошхӯрии оилаҳо”, “Тағйиру иловаҳои воридгардида дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” “Оид ба манъ кардани ақди никоҳ байни хешовандони наздик ва пешгирии оқибатҳои он” вохӯрӣ доир намуд.

Тавре, Саидзода Ҳуронбӣ сармутахассиси шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии тоҷикистон дар вилоят иброз намуд, барои пешгирии хонавайрониҳо ва хушунати оилавӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва вохӯриҳои судмандро бо аҳолӣ зиёд кардан лозим аст. Дар ҳалли ин масъала ҳамдастии кормандони шӯъбаҳои кумитаи занон ва оила, намояндаҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҷамоатҳо ва албатта оилаҳои намунавию таҷрибаи зиндагидор ҳатмӣ буда, тариқи роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳиву таблиғотӣ маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро боло бурда, аз пошхуриву ҷудошавии оилаҳо пешгирӣ менамоем.

Официальные сайты

Мы в социальных сетях

Общественные навыки

Свяжитесь с нами

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11