РОҲАНДОЗИИ ИСТЕҲСОЛИ АДРАС ДАР ШАҲРИТУЗ

Гурӯҳе аз бонувони ноҳияи Шаҳритуз пас аз хатми давраи омӯзишӣ ба бофтани адрасу атлас оғоз кардаанд. Онҳо азм доранд, ки маҳсули дастранҷашон ба бозорҳои кишвар роҳ ёбад.

Ахиран дар заминаи ҶДММ «Дук», ки яке аз корхонаҳои саноатии ноҳияи Шаҳритуз мебошад, бофтани адрас роҳандозӣ шудааст. Ба гуфти сарвари ин корхона Додарбек Мунавваров, дар корхона беш аз 40 нафар ҷавондухтарони ноҳия кор мекунанд. “Дук” аз соли 2014 бо коркарди ашёи хоми пилла машғул буда, ҳар сол зиёда 23 тонна ашиёи хоми пилларо ба хориҷи кишвар содирот мекунад. “Аввалҳои соли 2017 бо мақсади ҳифзи ҳунарҳои қадимаи тоҷикӣ маъмурияти корхона як сехи адрасбофӣ кушод, ки дар он зиёда аз 20 нафар ҷавондухтарон ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд”, - зикр кард Д. Мунавваров.

Официальные сайты

Мы в социальных сетях

Общественные навыки

Свяжитесь с нами

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11