Садриддин Айнӣ-ходим, нобиға ва чеҳраи мондагори миллат

 Бо ташаббуси бахши маориф дар қасри фарҳанги шаҳр бахшида ба 140-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони халқи тоҷик Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-адабӣ ва фарҳангӣ таҳти унвони «Саҳми устод Айнӣ дар хифзи асолати забони тоҷикӣ ва бузургдошти фарҳанги суннатӣ» баргузор гардид.

 Иштирокчиёни конференсия нахуст аз намоишгоҳи китобҳои Садриддин Айнӣ, рӯзномаҳои деворӣ, маърӯза, эссе ва иншои дар бораи ҳаёту фаъолияти ӯ эҷоднамудаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ дидан намуданд.

 Маснавиева Ф. директори литсейи давлатии №2, Ш. Зубайдова, омӯзгори муассисаи таълимии №1, Г. Қулова, омӯзгори муассисаи таълимии №4, М. Кабиров, омӯзгори муассисаи таълимии №2 ва М. Пирхонова омӯзгори муассисаи таълимии №7 доир ба зиндагиномаи устод ҳамчун бунёдгузори адабиёту алифбои навини тоҷик, нақши ӯ дар инкишофи забони тоҷикӣ ва муаррифии фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик дар ҷаҳон бо маърӯзаҳо баромад карданд.

 Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби муҳассилини муассисаҳои таълимӣ пораҳои назмию насрии эҷодиёти устод қироат ва якчанд шеъру таронаи ӯ, ки хонандагон ба оҳанг дароварда буданд, пешкаши ҳозирин гардид.

 

Официальные сайты

Рисунок1.png

Мы в социальных сетях

Общественные навыки

Свяжитесь с нами

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11