ГУРӮҲИ КОРӢ БА НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН ТАШРИФ ОВАРДАНД

    Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав Ҳасан Муродиён, декани факултети таърих ва ҳуқуқи ин Донишгоҳ Аҳлиддин Саидмуъминов оид ба фаҳмонидани мӯҳтавои Паём ба ноҳияи Қубодиён ташриф оварданд. Ҳайати гурӯҳро мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва  ташкилоту муассисаҳои ноҳия ҳамроҳи мекарданд.

      Гурӯҳи мазкур бо ҳамаи қишрҳои аҳолӣ дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, ташкилоту муассисаҳо вохӯрӣ доир намуда, мӯҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сокинон шарҳу эзоҳ доданд.

      Ҳамзамон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён низ, тибқи Амри раиси ноҳия ҷиҳати шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, аз ҷониби гурӯҳи мазкур вохӯриҳо доир ба фаҳмонида додани мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ноҳия ҷараён дорад.

 

 

 

Официальные сайты

Рисунок1.png

Мы в социальных сетях

Общественные навыки

Свяжитесь с нами

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11