Қӯрғонтеппа: баргузории аксияҳои ҷавонон ба муносибати Рӯзи Президент ва 25 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      ПРЕДПРИЯТИЯМ ПО ВОДОСНАБЖЕНИЮ И КАНАЛИЗАЦИИ ПЯНДЖСКОГО РАЙОНА И РАЙОНА ХАМАДОНИ ВРУЧИЛИ АВТОМОБИЛИ     Махфират Хидирзода встретилась с активистками Бохтара     Семинар  по  вопросам кадров     ОБРАЩЕНИЕ КОМПАНИИ «БАРҚИ ТОҶИК» К ГРАЖДАНАМ СТРАНЫ     Вохӯрии кории шабакаи хизматрасонии минтақавии вилояти Хатлон       Чорабини бахшида ба «25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»     Поздравление председателя Хатлонской области Гулмахмадзода Давлатшох Курбонали в честь 25-летия ХVI сессии Верховного Совета Республики Таджикистан и Дня Президента Республики Таджикистан     Намоиши корҳои эҷодии омӯзгорон ва донишҷӯён дар осорхонаи «Авасто»     ЧОРАБИНИ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ     

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

Дар ноҳияи Ёвон ҷаласаи сайёри Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи рушди маҳал, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иштирок намуданд.

Ҷаласаро раиси ноҳияи Ёвон Амирбеки Темур ифтитоҳ намуда, зикр карда қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам баҳри рушду нумӯи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Ҳамин аст, ки дар давоми нуҳ моҳи соли равон маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 990,9 млн. сомонӣ афзун гашта, 1 млрд. 607,9 млн. сомониро ташкил додааст, ки ноҳияи мо ҳамчун як ноҳияи саноатӣ -аграрӣ дар мадди назари роҳбарияти ҷумҳурӣ қарор дорад.

Гурӯҳи кории байниидоравӣ соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳияро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор доданд.

Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи омӯзишу таҳлили гурӯҳи кориро баррасӣ карда, маълум намуд, ки ноҳияи Ёвон ба дастовардҳои зиёд ноил гардида, ба ноҳияи саноатӣ-аграрӣ табдил ёфтааст. Раиси Кумита барои боз ҳам беҳтар гардидани корҳо дастуру тавсияҳои муфид доданд.

Дар ҷаласа муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов низ суханронӣ карда, ин иқдомро яъне баргузор намудани чунин маҷлисҳои сайёрро барои пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ноҳияҳо такони ҷиддӣ арзёбӣ намуд.

Официальные сайты

Мы в социальных сетях

Общественные навыки

Свяжитесь с нами

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11