Қӯрғонтеппа: баргузории аксияҳои ҷавонон ба муносибати Рӯзи Президент ва 25 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      ПРЕДПРИЯТИЯМ ПО ВОДОСНАБЖЕНИЮ И КАНАЛИЗАЦИИ ПЯНДЖСКОГО РАЙОНА И РАЙОНА ХАМАДОНИ ВРУЧИЛИ АВТОМОБИЛИ     Махфират Хидирзода встретилась с активистками Бохтара     Семинар  по  вопросам кадров     ОБРАЩЕНИЕ КОМПАНИИ «БАРҚИ ТОҶИК» К ГРАЖДАНАМ СТРАНЫ     Вохӯрии кории шабакаи хизматрасонии минтақавии вилояти Хатлон       Чорабини бахшида ба «25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»     Поздравление председателя Хатлонской области Гулмахмадзода Давлатшох Курбонали в честь 25-летия ХVI сессии Верховного Совета Республики Таджикистан и Дня Президента Республики Таджикистан     Намоиши корҳои эҷодии омӯзгорон ва донишҷӯён дар осорхонаи «Авасто»     ЧОРАБИНИ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ     

 МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ ГРАНТҲОИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА СОҲИБКОРЗАНОН

Имрӯз дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон маросими супоридани грантҳои раиси вилояти Хатлон доир гардид, ки дар маросими супоридани ин грантҳо раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Д. Гулмаҳмадзода зимни суханронии хеш иброз намуд, ки “Дар рушди ҳаёти иҷтимоӣ нақши занон ва ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ниҳоят арзишманд мебошад. Фарогирии занону ҷавонон ба соҳибкории хурду миёна тавсия ёфта, бо ин мақсад аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои имтиёзнок ва дигар тадбирҳои судманд роҳандозӣ шудаанд.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сиёсати иқтисодӣ ва ислоҳоти иқтисодии давлату Ҳукумати мамлакатро ҳамаҷониба пайгирӣ намуда, барои пешрафти фаъолияти соҳибкорони асил, ки дар шукуфоии диёрамон азму талошҳо доранд, имконияту шароитҳо фароҳам оварда истодааст, ки яке аз онҳо ин таъсиси грантҳои раиси вилоят мебошад ”

Дар охир раиси вилоят Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ ба 21 нафар соҳибкорзаноне, ки лоиҳаҳои онҳо дар озмуни дарёти гранти раиси вилоят ғолиб дониста шудааст, маблағҳои грантиро дар вазъияти тантанавӣ супориданд.

Ёдовар мешавем, ки ҷудо намудани грантҳои раиси вилояти Хатлон бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон буда он аз - 5 грант дар ҳаҷми 20000 (бист ҳазор) сомонӣ, - 11 грант дар ҳаҷми 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ, - 5 грант дар ҳаҷми 8000 (ҳашт ҳазор) сомонӣ иборат мебошад.

 

 

Официальные сайты

Мы в социальных сетях

Общественные навыки

Свяжитесь с нами

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11