ТАНЗИМ – БАРАКАТ БА ҲАР ХОНАДОН

Бо шарофати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мардум маърифати сарфаҷӯйиро омӯхта, вазъи зиндагиашон рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Вобаста ба ин мавзӯ санаи 16- уми октябри соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки донишҷӯёни факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ва хонандагони Литсейи давлатии «Ориёно» таҳти унвони «Танзим баракат ба ҳар хонадон» мизи мудаввар доир гардид.

Китобдорони китобхона баромад намуда, маърӯзаҳои худро оиди татбиқи ин қонун баён карданд. Қайд гардид, ки ҷашну маъракаҳо дар доираи меъёри ягона сурат гирифта, ҳамдигарнофаҳмиҳо аз байн рафта истодаанд ва ба ҳар хонадон фоидаи худро расонида истодааст. Донишҷӯёну хонандагон низ дар охир фикрҳои худро иброз намуданд.

Официальные сайты

Рисунок1.png

Мы в социальных сетях

Общественные навыки

Свяжитесь с нами

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11