ДАР ОЗМУНИ «ОШИ ПАЛОВ» ВА «КАДБОНУИ МОҲИР» ФАЪОЛОНА ИШТИРОК НАМОЕД!

15 октябри соли 2017 соати 8-00 дар боғи «70-солагии Водии Вахш»-и шаҳри Қӯрғонтеппа ҷашни иди «Меҳргон», озмуни «Оши палов», «Кадбонуи моҳир», намоиши маҳсулотҳои кишоварзӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ доир мегардад.

Қайд кардан ба мавридаст, ки тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 12.10. 2017, №188 барои баргузории иди «Меҳргон» ва ҷамъбасти озмуни вилоятии «Оши палов» ва «Кадбонуи моҳир» мукофотҳои зерин аз ҷумла ба ғолибони озмуни «Оши палов» барои ҷойи якум 2000 сомонӣ, ҷойи дуюм 1500 сомонӣ, ҷойи сеюм 1000 сомонӣ ва барои ғолибони озмуни «Кадбонуи моҳир» ҷойи якум 1500 сомонӣ, ҷойи дуюм 1000 сомонӣ ва ҷойи сеюм 500 сомонӣ муқарар карда шудааст. Инчунин барои иштирокчиёни фаъоли алоҳида мукофотпулиҳо ҷудо карда шудааст.

Официальные сайты

Рисунок1.png

Мы в социальных сетях

Общественные навыки

Свяжитесь с нами

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11