ҶАМЪОМАД ОИД БА ПЕШГИРӢ АЗ ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ НОСОЛИМ

  Дар маҳаллаи ба номи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб бо иштироки фаъолони он дар хусуси пешгирии ҷавонон ба шомилшавӣ ба ташкилотҳои экстремистию  террористӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ҷамъомад баргузор гардид.

 Дар ҷамъомад муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Сарахон Абдуқаҳоров баромад карда, арз намуд, ки яке аз омилҳои шомилшавӣ ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ ин дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани бархе аз ҷавонони ноогоҳ ва ба доми  афроди манфиатҷӯ афтодани онҳост.

Баъдан чанд нафар аз иштирокчиёни ҷамъомад ба сухан баромада, оиди  пешгирии ҷавонон аз шомилшави ба гурӯҳҳои ифротӣ ва бедор кардани ҳисси ватанпарварӣ дар замири онҳо, изҳори андеша намуданд.

Официальные сайты

Рисунок1.png

Мы в социальных сетях

Общественные навыки

Свяжитесь с нами

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11