Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст

   Хело хубу возеҳ ва равшан изҳор доштанд Асосгӯзори сулҳу ваҳдати миллӣ-  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон:  “Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи зиндагисозу тамаддунофари аҷдоди тоҷикон пайванди ногусастанӣ дошта, расму ойинҳои он дорои рамзҳое мебошанд, ки аз қадим то имрӯз бо рӯзгори мардуми созандаву ободгар ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо созгоранд”.

  Бахшида ба ҷашни байналмиллалии  Наврӯз  дар толори хониши оммавии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин намоиши кушоди китобию матбуоти таҳти унвони «Тоҷикистон ватани Наврӯз аст» ба хонандаю истифодабарандаи китобхона пешниҳод намудем. Қобили ёдовари аст, ки хонандагон тавонистанд аз ин намоиш оид ба таърихи пайдоиши ҷашни Наврӯз, фармудаҳои Асосгӯзори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва бузургони сухан дар ситоиши ин ҷашни аҷдодӣ ва шеъру ғазалҳоро аз эҷодиёти шоиру нависандагони классику муосир дастрас намояд.

   Бо пешниҳоди роҳбарияти олии ҷумҳури, ки рӯзи «Фарҳанг» эълон шудааст маҳфили  қироати ашъор, ғазалу таронасарои таҳти унвони «Тоҷикистон ватани Наврӯз аст» доир намудем.  Мақсад аз баргузории ин гуна чорабиниҳо ҷалб намудани хонандагон бештар ба китобу китобхона огаҳи ёфтан аз таърихи ҷашнҳои миллӣ чун Наврӯз ва баланд бардоштани сифати мутолиаи китоб, навиштани таронаҳои баҳорию ватандӯстона миёни ҷавонону наврасон мебошад.

  Соли 2012  бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон маҷмуаи «Наврӯзнома»-е, пешкаши хонандагон гардад, ки намунаҳои осори назмии зиёда аз сад шоири хатлониро дар бар мегирад, ки дар мавзӯи баҳору наврӯз эҷод шудаанд. Баёзи мазкур аз се боб иборат буда, дар боби якум баҳория ва шеърҳои наврӯзии адибони маъруф ва аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҷой дода шуда, боби дуюм шеърҳои шоирони соҳибкитоби вилоят ва боби сеюм мақолаҳои роҷеъ ба мавзӯи Наврӯз навиштаи муаллифонро фаро гирифтааст.

   Ҳангоми таҳияи китоби «Наврӯзнома»  бо он кушидаанд, ки дар шеърҳои дар васфи баҳору ситоиши Наврӯз сурудаи тамоми қаламкашони хатлонӣ ҷой дода шавад. Дар баёзи мазкур барои он, ки хонанда дар интихоби шеърҳои баҳорию наврӯзии шоирон душворӣ накашанд, ному насаби муаллифонро дар китоб тибқи алифбои кунунӣ ҷой додаанд. Бояд ёдрас шуд, ки шеърҳоро аз маҷмӯаҳои дастҷамъӣ, китобҳои алоҳидаи шоирон ва инчунин аз матбуоти даврӣ интихоб карда, дар охири китоб рӯйхати манбаъҳои истифодагардидаро нишон дода шудааст.

   Фасли баҳору иди Наврӯз илҳомбахши шоирон буда, шоиреро наметавон ёфт, ки дар ин мавзӯъ шеъре насуруда бошад. Хатлонзамин аз қадимулайём макони илму дониш ва сарзамини адабпарвар мебошад. Аз ҳамин хотир барои таҳияи китоби «Наврӯзнома» аз миёни ашъори шоирони хатлонӣ ҳар шеъреро, ки дар васфу ситоиши баҳору Наврӯз гуфта шуда бошад, интихоб намудаанд.

    Пас аз ҷамъоварии ашъори наврӯзию баҳории қаламкашони хатлонӣ маълум гардид, ки аксари шоирон дар васфи баҳору ситоиши Наврӯз шеърҳо сурудаанд. Одина Мирак гарчанде дар фасли баҳору иди Наврӯз чанд шеъри алоҳида гуфта бошад ҳам, инчунин ӯ тибқи анъанаи гузаштагон як фасли китоби шеърҳояшро «Баҳориёт» номгузорӣ карда, дар он 115 дубайтии баҳориро ҷой додааст, ки  онҳоро дар китоб ба пуррагӣ оварда шудааст. Ҳамзамон бояд қайд кард, ки аз ҳама зиёдтар дар ин мавзӯъ шоирон – Сафармуҳаммад Аюбӣ 14, Саидҷон Ҳакимзода 10, Ашӯр Сафар, Ҳабибулло Файзулло, Барот Саид, Ғаффоралӣ Сафар 9, Зайниддин Ҷомӣ, Исо Ғулом 8, Усмон Билолӣ, Нурмуҳаммад Сироҷӣ, Қурбоналӣ Раҷаб ва Дарвеш 7-шеърӣ иншо кардаанд. 

   Масалан, шеъри Ҳақназар Ғоиб дар китоби «Рамзи ҳаёт» (1978) бо номи «Андешаҳои наврӯзӣ» омада, ҳамин шеър дар баёзи «Наврӯзӣ» (1981) бо ихтисори чанд байту баъзе тағйирот бо номи «Боз…» оварда шудааст. Ҳамчунин шоир  Озар низ шеъри «Гули бодом»-ро соли 1990 навишта, нахуст онро дар китоби «Намози бедорӣ» ҷой дода, баъдан ӯ ин шеърро дар маҷмӯаи «Гуфтугӯи нахлу моҳ» (2010) дар таҳрири нав интишор намудааст.

   Китобдорон аз он ифтихор доранд,ки имрӯз дар хазинаи китобии китобхона китоби «Наврӯзнома»-и  шоиру нависандагони вилоят дар радифи дигар китобҳо маҳфуз буда, метавонанд хонандагон аз он ва дигар адабиётҳо оид ба таърихи  ҷашни Наврӯзи хуҷастапай  васеъ истифода баранд.Ин ҷашни тарихию куҳанро мо китобдорон ба кули ҳамватанон шодбош мегуям.

Официальные сайты

Рисунок1.png

Мы в социальных сетях

Общественные навыки

Свяжитесь с нами

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11