САМАРОВАР  ГУЗАШТАНИ ТАЪТИЛИ ЗИМИСТОНАИ  ХОНАНДАГОН

  Вобаста ба таътили зимистонаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ, дар муассисаи таҳсилоти иловагии минтақаи Кӯлоб, ҷараёни баргузории чорабиниҳои таълимӣ суръати тоза мегирад. Айни ҳол дар муассисаи мазкур 32 маҳфил, ба амсоли маҳфилҳои сайёҳӣ-кишваршиносӣ, табиатшиносӣ, варзишӣ, техникӣ ва эҷодӣ амал карда, фаъолияти хешро самаровар ба роҳ мондаанд. Дар муассиса таълиму тарбияи иловагии мактаббачагон бо назардошти синну сол, малакаю маҳорат, шавқу завқ ва фикру мулоҳизаи падару  модарон амалӣ гардонида мешавад. Маъмурияти муассиса бо назардошти таътили зимистонаи мактаббачагон, нақшаҳои махсус тартиб дода, аъзоёни маҳфилҳоро беш аз беш ба чорабиниҳои баргузоргардида, ҷалб менамоянд.  

Официальные сайты

Рисунок1.png

Мы в социальных сетях

Общественные навыки

Свяжитесь с нами

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11