ИСТЕҲСОЛИ ОРД ДАР КИШВАР БЕШТАР ШУД

 Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба қадри 7,1 ҳазор тонна орд ба маблағи 1,6 миллион доллари амрикоӣ ворид шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 8 ҳазор тонна камтар аст.

 Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат, имсол ҳаҷми воридоти гандум ба кишвар қариб 222 ҳазор тоннаро ташкил дод. Орду гандум, асосан, аз Қазоқистон ба кишвари мо ворид мешудааст. Манбаъ афзуд, ки беш аз 90%-и талаботи дохилии Тоҷикистон ба орд аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ таъмин карда мешавад. Ба сабаби афзоиш ёфтани коркарди гандум дар Тоҷикистон мизони воридоти орд ба кишвар коҳиш ёфтааст. Масалан, агар панҷ сол пеш ҳаҷми орди воридотӣ ба 360 ҳазор тонна баробар буд, имрӯз ин нишондиҳанда то 54 ҳазор тонна поин омадааст. Ҳоло дар кишвар 65 корхонаи истеҳсоли орд бо иқтидори умумии тавлиди ду миллион тонна орд дар як сол фаъолият мекунанд.

Официальные сайты

Рисунок1.png

Мы в социальных сетях

Общественные навыки

Свяжитесь с нами

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11