Қӯрғонтеппа: баргузории аксияҳои ҷавонон ба муносибати Рӯзи Президент ва 25 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      ПРЕДПРИЯТИЯМ ПО ВОДОСНАБЖЕНИЮ И КАНАЛИЗАЦИИ ПЯНДЖСКОГО РАЙОНА И РАЙОНА ХАМАДОНИ ВРУЧИЛИ АВТОМОБИЛИ     Махфират Хидирзода встретилась с активистками Бохтара     Семинар  по  вопросам кадров     ОБРАЩЕНИЕ КОМПАНИИ «БАРҚИ ТОҶИК» К ГРАЖДАНАМ СТРАНЫ     Вохӯрии кории шабакаи хизматрасонии минтақавии вилояти Хатлон       Чорабини бахшида ба «25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»     Поздравление председателя Хатлонской области Гулмахмадзода Давлатшох Курбонали в честь 25-летия ХVI сессии Верховного Совета Республики Таджикистан и Дня Президента Республики Таджикистан     Намоиши корҳои эҷодии омӯзгорон ва донишҷӯён дар осорхонаи «Авасто»     ЧОРАБИНИ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ     

Сайёҳӣ дар вилояти Хатлон

Мавқеи мусоиди ҷойгиршавии вилояти Хатлон дар табиати басо зебою нотакрор, манзараҳои хушбоду ҳаво, чашмаҳои шифобахш ва мавзеҳои дидании таърихию фарҳангӣ барои сайёҳати шаҳрвандони тамоми гушаю канори дунё ва сайёҳони дохилӣ мусоид аст. Барои инкишофи соҳаи сайёҳӣ дар вилоят аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо марҳила ба марҳила барномаю қарорҳо қабул карда шудаааст, ки баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ дар вилоят замина ва имкониятҳои муфидро муҳайё сохтааст. Инчунин рушди соҳаи мазкур барои ғанӣ гардонидани буҷаи маҳаллӣ низ мусоидат мекунад.

Вобаста ба ин масъала, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои милат, Президенти кишвар - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ иброз дошт, ки «Кишвари мо дорои имконияти васеъ аз ҷиҳати минтақаҳои сайёҳӣ буда, истифодаи самараноки он боиси болоравии сатҳи зиндагии аҳолии  ҷумҳурӣ хоҳад шуд».

Ҳамасола шумораи зиёди хориҷиён ба вилояти Хатлони биҳиштосо сафар мекунанд, ки қисми зиёди онҳо ба  сайёҳии сайёдӣ, фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва экологӣ дохил мешаванд.

Дар ҳоли ҳозир мавзеъҳои саёҳатие, ки бештар диққати  сайёҳонро ба худ ҷалб намудааст, ин минтақаи сайёҳии Сари хосор, мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», қалъаи Ҳулбук, мавзеи тафриҳии НБО-и шаҳри Норак, мавзеҳои таърихии  Аҷинатеппа (ноҳияи Вахш), Хоҷа Машҳад (ноҳияи Шаҳритус), Тахти Сангин (ноҳияи Қубодиён), мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (шаҳри Кӯлоб),  оромгоҳҳои Хоҷа Зарини ноҳияи Данғара ва Хоҷа Аюби Ансории ноҳияи Ховалинг ва чандин ҷойҳои таърихию табиӣ дигар мебошанд, ки ҳамасола сайёҳон ба ин ҷойҳо сафар мекунанд ва аз таъриху фарҳанги мардуми мо аз наздик ошно мешаванд. Аз ин рӯ, ин омил дар муаррифии фарҳангу тамаддуни тоҷикон дар масири чаҳонӣ нақши бориз мегузорад. 
   
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон як қатор тадбирҳоро андешида истодааст, то рушди туризм дар вилоят ва  омаду рафти сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ, беҳтар шудани ҳолати инфрасохтори мавҷудаи сайёҳӣ ва санаторию истироҳатӣ ва ҷалби сармоягузориҳо бештар гардад.

Official sites

We are in social networks

Contact us

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11