Ёдгориҳои таърихию фарҳангии вилояти Хатлон

Воқеан ҳам вилояти Хатлон дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ мебошад. Дар вилояти Хатлон баъди соҳибистиқлол гардидани кишвар ба таъмиру нигоҳдошти ёдгориҳои таърихӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. То имрӯз Вазорати фарҳанг бо дастгирӣ ва маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ, фонди Президенти кишвар  ва баъзе фондҳои дигар ёдгории таърихию фарҳангиро таъмиру тармим намуда, қисмеро пурра барқарор сохт.

Яке аз масъалаҳои муҳими рӯз ин истифодаи дурусти мероси таърихию фарҳангӣ, бахусус ёдгориҳои таърихӣ мебошад. Дар баробари ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърихӣ, ба таҳкими заминаи ҳуқуқии он низ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Моҳи апрели соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо», 3 марти соли 2006 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» ба тасвиб расиданд, ки санадҳои мазкур дар асоси таҷрибаи мутахассисони соҳа ва конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳифз, омӯзиш ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ таҳия гашта, масоили ҳифз, омӯзиш ва истифодаи дурусти мероси таърихиро дар чрочӯбаи қонун муайян намудаанд.

Фароҳам овардани шароит барои тамошобинон, таҳияи хатсайрҳо, истифодаи васеи онҳо бо ҷалби туризми байналмилалӣ дар шароити кунунӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа дар ин раванд аст. Аз ин лиҳоз, Вазорати фарҳанг баҳри ҳифз ва барқарорнамоии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва ҷиҳати ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани беҳтарини онҳо тамоми тадбирҳоро меандешад. Ва натиҷаи ҳамин кӯшишҳо буд, ки бори нахуст Қалъаи Ҳулбук моҳи ноябри соли 2009 дар шаҳри Сиан - пойтахти фарҳангии давлати Чин дар қатори 8 ёдгории беназири халқи тоҷик ба силсилашаҳрҳои  «Шоҳроҳи Бузурги Абрешим» - и ЮНЕСКО ворид ва бо ҷоизаи махсуси он қадр карда шуд.

Масъалаи ворид намудани ёдгориҳои фарҳангии ҷумҳуриявӣ ба рӯйхати мероси умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО соли 2008 дар шаҳри Душанбе дар конференсияи минтақавии Осиёи Марказӣ «Ёдгориҳои фарҳангӣ дар Роҳи Бузурги Абрешим» баррасӣ гардид, ки то ба имрӯз ба феҳристи номинатсияи ЮНЕСКО «Роҳи Бузурги Абрешим» ёдгориҳои зерини фарҳангии вилоят ворид гардидаанд: Аҷинатеппа (ноҳияи Вахш), Хоҷа Машҳад (ноҳияи Шаҳритус), Тахти Сангин (ноҳияи Қубодиён),

5 гунбази мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо тиллои махсуси аз шаҳри Маскав овардашуда рӯкаш карда шуданд. Қобили зикр аст, ки ин ёдгории таърихӣ дар ҷараёни омодагӣ  ба таҷлили  ҷашни 700 - солагии  мутафаккири бузург Мир Сайид  Алии  Ҳамадонӣ бори дуюм  таъмиру таҷдид гардид.

Инчунин, оромгоҳҳои Хоҷа Зарини ноҳияи Данғара ва Хоҷа Аюби Ансории ноҳияи Ховалинг бозсозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода мешавад.

Шомил гардидан ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонӣ ин пеш аз ҳама, мавқею мартабаи давлат ё як миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардорад. Яъне, ин халқ дорои таърихи кӯҳан мебошад  ва дар таърихи башарият ҳиссаи чашмрас  гузоштааст. Акнун Қалъаи Ҳулбук натанҳо чун мероси таърихии як миллат, балки чун мероси умумибашарӣ шинохта  ва ҳам баҳри омӯзишу нигаҳдории он аз тарафи ЮНЕСКО низ диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Official sites

We are in social networks

Contact us

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11