ВОХӮРИИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

    Гурӯҳӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таблиғи нуктаҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22-уми декабр манзур гардида буд, ба шаҳру навоҳии минтақа омада, дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагони худ вохӯрию мулоқотҳо баргузор намуда истодаанд.Чунин мулоқоти судманд субҳи рӯзи 9-уми январ дар Қасри фарҳангии шаҳри Кӯлоб бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғаффор Раҳмонзода баргузор гардид. А.Раҳмонзода зимни баромади худ аз як қатор паҳлӯҳои Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, интихобкунандагони хешро ба амалҳои созандагию бунёдкорӣ даъват намуданд.  

Official sites

Рисунок1.png

We are in social networks

Contact us

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11