ЧОРАБИНИ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

Имрӯз ба муносибати таҷлили Рӯзи Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи намояндагон ва ихтиёриёни Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон  дар Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Қӯрғонтеппа сӯҳбату вохӯриҳо таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон – ифтихори мо ҷавонон” доир гардид. Дар ин вохӯри беш аз 100 нафар хонандагони Литсейи касби техникии шаҳри Қӯрғонтеппа иштирок намуданд.

Ихтиёриён ва намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар мавзӯҳои Президент-ҳомии конститутсия ва қонунҳо, “Иҷлосияи тақдирсоз”, “Шинохтани Тоҷикистон аз тарафи ҷаҳониён бо корҳои наҷиби Эмомалӣ Раҳмон”,  “Ташаббусҳои беназири Пешвои миллат дар 10-соли амали об барои рушди устувор” ва “Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат” баромад намуданд. Дар фарҷоми вохури хонандагони фаъоли Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Қӯрғонтеппа дар васфи Пешвои миллат шеърҳо кироат намуданд. 

Official sites

We are in social networks

Contact us

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11