СЕМИНАРИ САЙЁРИ ОМӮЗИШИИ “ЗАН-РОҲБАР” ДАР НОҲИЯИ БОХТАР

Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар асоси «Нақшаи перспективии ҷавонгардонии кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2016-2020» ва «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2022» рӯзи 14 ноябри соли 2017 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар семинари сайёри омӯзишии «Зан-роҳбар»-ро бо иштироки 30 нафар занони дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва дар захираҳои кадрибудаи ноҳия доир намуд.  

Дар кори семинар муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар, Ҷумаева Сабоҳат - сармутахассиси шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Солиҳов Маҳмадсабур - мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дар мавзӯҳои «Хусусиятҳои сарварии занон дар замони муосир», «Зан ва сиёсат», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Сиёсати кадрӣ: мақсад ва вазифаҳо», «ӯҳдадориҳои роҳбар», «Одоби хизмати давлатӣ» ба шунавандагон дарс гузаштанд.

Official sites

We are in social networks

Contact us

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11