Қӯрғонтеппа: баргузории аксияҳои ҷавонон ба муносибати Рӯзи Президент ва 25 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      ПРЕДПРИЯТИЯМ ПО ВОДОСНАБЖЕНИЮ И КАНАЛИЗАЦИИ ПЯНДЖСКОГО РАЙОНА И РАЙОНА ХАМАДОНИ ВРУЧИЛИ АВТОМОБИЛИ     Махфират Хидирзода встретилась с активистками Бохтара     Семинар  по  вопросам кадров     ОБРАЩЕНИЕ КОМПАНИИ «БАРҚИ ТОҶИК» К ГРАЖДАНАМ СТРАНЫ     Вохӯрии кории шабакаи хизматрасонии минтақавии вилояти Хатлон       Чорабини бахшида ба «25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»     Поздравление председателя Хатлонской области Гулмахмадзода Давлатшох Курбонали в честь 25-летия ХVI сессии Верховного Совета Республики Таджикистан и Дня Президента Республики Таджикистан     Намоиши корҳои эҷодии омӯзгорон ва донишҷӯён дар осорхонаи «Авасто»     ЧОРАБИНИ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ     

ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар Кохи фарҳанги шаҳри Кӯлоб, дар доираи рӯзи қабули хеш, гурӯҳи шаҳрвандони арзу ниёздоштаро ба ҳузӯр пазируфт. Д. Гулмаҳмадзода дар ибтидои рӯзи қабул, арз намуд, ки ҳар як роҳбар, сардори ташкилоту муассиса вазифадор аст, ки арзу шикояти шаҳрвандонро шунавад ва барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта талош варзад. Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки шаҳри Кӯлоб аз ҷумлаи шаҳрҳое маҳсуб меёбад, ки дар даврони Истиқлолият рушд карда, соҳаҳои асосии хоҷагии халқи он пешрав гаштааст. Дар баробари ин дастовардҳо, камбудиву норасоиҳо низ ҷой доранд.

Сипас нафарони ба ҳузӯр омада, арзу шикояти хешро ба Раиси вилоят пешниҳод намуданд. Аз ҷумла вакили деҳаи Файзободи ҷамоати деҳоти Даҳана Холмирзо Раҳмонов иброз доштанд, ки бунгоҳи тиббӣ то ҳол дар бинои бошишгоҳи саҳроӣ ҷойгир асту чор нафар мутахассис ба 1100 нафар сокини он хизмати тиббӣ мерасонанд. Раиси маҳаллаи деҳаи Нуристон аз ҷамоати деҳоти Зиракӣ Искандар Тӯйчиев низ зикр кард, ки деҳа 590 нафар аҳолӣ дораду барои гирифтани хизмати тиббӣ ба маркази саломатии деҳаи Зарқалъа муроҷиат менамоянд.

Раиси вилоят аз масъулини соҳа вазъи корро пурсон гашта, дастур дод, ки баҳри ҳалли масъалаи ҷойдошта тадбирҳо андешанд. Аз хизмати соҳибкорон истифода бурдан низ, ба манфиати кор аст.

Омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 Валоят Билолова аз он изҳори ташвиш намуд, ки дар шаҳри Кӯлоб ҳамагӣ 10 адад боғчаи кӯдакона фаъолият доранд. Ин миқдор боғча наметавонад ҳоҷати ниёзмандонро таъмин намоянд. Агар миқдори боғчаи кӯдакона бештар бунёд шаваду модарон фарзандони худро дар ихтиёри онҳо вогузошта, худ озод фаъолият намоянд, саҳмашон дар пешрафти кор бештар мешавад.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар посух зикр кард, ҳалли масъалаи мазкур бояд дар мадди аввал бошад. Аз ин рӯ, аз масъулини соҳа рафти корро пурсон гашта, дастур дод, ки ба масъалаи бунёди боғчаҳо дар шаҳр диққати зарурӣ диҳанд. Сохтмони боғчаҳои кӯдаконаи хусусӣ низ бояд сохта шаванд. Ба мақомоти маҳаллӣ супориш дода шуд, ки барои ҳалли ин масъала замин ҷудо намоянд.

Самиева Олуфта омӯзгори мактаби рақами 7 аз он изҳори андеша намуд, ки дар шаҳр зиёда аз 51 ҳазор нафар занону ҷавондухтарон кору зиндагӣ мекунанд, вале дар хизмати онҳо ягон толори варзишӣ вуҷуд надорад. Барои машқу тамрини бонувон толорҳои варзишӣ зарур аст.

Намояндаи маҳаллаи Мирзораҳим Латифзода аз он изҳори нигаронӣ кард, ки сокинони маҳалла аз истифодаи оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Шумораи аҳолӣ бошад аз панҷ ҳазор нафар гузаштааст.

Раиси маҳаллаи Обшорон Саъдӣ Соҳибов аз боби набудани таълимгоҳ дар деҳа ба раиси вилоят муроҷиат кард.

Масъулин дастур гирифтанд, ки масъалаҳои мазкурро омӯхта, барои ба Барномаҳо ворид намудани онҳо талош варзанд.

Пас аз шунидани арзу шикояти шаҳрвандон Раиси вилоят Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ аз масъулин ва фаъолони шаҳри Кӯлоб рафти корро дар соҳаҳои асосии хоҷагии халқ пурсон гашта, ҳозиринро даъват намуд, ки барои ҷамъбасти намунавии сол ва баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашнҳои ифтихорӣ талош варзанд.

Official sites

We are in social networks

Contact us

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11