ОЛИМПИАДА, ОМОДАГӢ, НАТИҶА ВА ХУЛОСА

Пӯшида нест, ки олимпиадаҳои фаннӣ ойинаи сатҳу сифати таълиманд ва маҳз тавассути онҳо мо метавонем ҳусну қубҳи чеҳраи масъулияти худро тамошо кунем. Маҳз олимпиадаҳо нишон медиҳанд, ки мо то кадом андоза озмунҳои маҳалиро шафоф мегузаронем ва ҳангоми интихоби шогирдон барои олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дониши онҳоро дар тарозуи адолат бармекашем.

Ҳафтаи авали моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Сарбанд олимпидаи вилоятӣ аз фанҳои физика ва метематика миёни хонандагони синфҳои панҷ ва ҳашти муассисаҳои таълимоти миёнаи умумӣ ва мактабҳои типи нав баргузор гардид. Барои гузаронидани ин олимпиада омӯзгорон дар миқёси вилоят омодагии ҷиддӣ дида буданд ва моҳи октябр дар тамоми ноҳияҳо олимпида аз ин ду фан  ҷамъбаст шуда буд. Яъне, муаллимон фурсат доштанд, ки дар муддати таъингардида шогирдони болаёқатро пайдо кунанд ва бо онҳо корҳои инфиродӣ бурда, тавассути машғулиятҳои ёрирасон дар густариши дониши онҳо саҳм бигиранд. Нуктаи муҳим ин аст, ки тибқи низомнома ҳар як шуъбаи маорифи шаҳру ноҳия дар ҳамкорӣ бо Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои ба олимпиадаи вилоятӣ пешниҳод намудани чор нафар шогирди беҳтарин имкон дошт. Аммо бо ин ҳама имконоти додашуда дар олимпиадаи вилоятӣ аз фанни математика 84 нафар ва аз фанни физика 97 нафар ширкат варзиданд, ки ин худ далели каммасъулиятии ниҳодҳои мазкурро бармало месозад. Далелҳои пешниҳод нагардидани 17 нафар хонандаи дигар аз ҷониби Раёсати маориф санҷида шуда, дар ин бора хулосаи қатъӣ бароварда мешавад.

Барои шафоф гузаштани олимпиада муаллимони варзида ҷалб гардиданд ва тестҳову корҳои хаттӣ аз назари мутахассисон гузаронида шуданд. Натиҷаи олимпиада маълум кард, ки аз фанни математика хонандагон Юсупов Саидмуъмин, Содиқи Бадриддин (Данғара), Хидиров Хидиралӣ, Сафаров Муҳаммад (Кӯлоб), Одинаев Одинашо (Бохтар) ва аз фанни физика Мирзоҷонов Аюбҷон (Фархор), Сатторов Фирӯз, Раҷабов Аҳлиддин (Данғара) ва Шарипов Раҳимҷон (Ҷайҳун) ғолибиятро ба даст оварданд.

Мо ғолибони олимпиадаро табрик мегӯем ва умед дорем, ки онҳо дар оянда шарафи вилояти моро дар олимпиадаҳои ҷумҳуривӣ ва байналмилалӣ ҳимоят хоҳанд кард, аммо маълум гардид, ки шуъбаҳои маориф дар ноҳияҳои ба номи Носири Хусрав, Шаҳритус, Ҷайҳун, Балҷувон, Дӯстӣ, Ховалинг корро ҳангоми баргузории олимпиада ва интихоби шогирдон дуруст ба роҳ намондаанд ва бо ҳамин сабаб шогирдони фиристодаи онҳо аз фанҳои математика ва физика ягон хол ба даст наоварданд.

Шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Панҷ, Муъминобод ва Ҷалолиддини Балхӣ низ шогирдонеро фиристоданд, ки танҳо мақсади иштирок доштанд, на нишон додани донишу маҳорат. Гуфтем, ки олимпиадаҳо оинаи сатҳу сифати таълим ва масъулиятанд, аммо тасвири сатҳу сифати таълим ва масъулият дар оинаи фаъолияти баъзе шуъбаҳои маориф хеле камранг будааст, ки таъҷилан ислоҳ мехоҳад.

Бо назардошти ин ки фанҳои дақиқ, бахусус физика ва математика дар пешрафти тамаддуни муосир фанҳои калидӣ ба шумор мераванд, омӯзиши онҳо бояд ба таври аъло ба роҳ монда шавад. Ин ду фан неруи зеҳнии хонандагонро қувват бахшида, ба онҳо истодагарӣ, эҷодкорӣ ва масъулияту мустақилиятро меомӯзад. Ташаккули тафаккури мантиқии онҳо низ бе ин ду фан имконпазир нест.

Марҳилаи навбатии олимпиадаҳо моро умедвор месозад, ки омӯзгорони вилоят барои ҳамаҷониба омода кардани шогидони худ кӯшиши сазовор ба харҷ хоҳанд дод.

 

Диловар Исоев,

Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон

Official sites

We are in social networks

Contact us

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11