ХАТЛОН: 6,5 МИЛЛИАРД СОМОНӢ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ ДАР СОЛИ 2017

Тибқи маълумотҳои мутахассисони соҳаи саноат ва энергетикаи вилояти Хатлон, Саноатчиёни вилоят дар ин давра дастуру супоришоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон аз 22 декабри соли 2016-ро сармашқи кори худ қарор дода, аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда пурра ва мақсаднок истифода бурда, тӯли ин муддат ба маблағи 6,5 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуда,  ҳаҷми истеҳсолро нисбати соли гузашта 1 миллиарду 725 миллион сомонӣ зиёд ва суръати афзоишро дар сатҳи 35,9  фоиз таъмин карданд.

Афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоят асосан аз истеҳсоли маводи хӯрока, нӯшокиҳо дар сатҳи 7,1 фоиз, истеҳсоли нассоҷӣ ва дӯзандагӣ наздики 2 баробар, коркарди чӯбу тахта ва дигар маснуоти чӯбин-23,4 фоиз, истеҳсоли маводи кимиёвӣ-38,7 фоиз, истеҳсоли селюлоза ва коғаз-17 баробар, саноати табъу нашр-10,5 фоиз, маснуоти резинӣ ва полиэтиленӣ наздики 30 баробар, маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ-48,8 фоиз, металургӣ-12,3 баробар, истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ (мошинсозӣ)-11,3 фоиз,  истеҳсолу тақсимоти нерӯи барқ ва маҳсулоти нафтӣ-33,9 фоиз ва ғайра замина фароҳам овардаанд.

Official sites

Рисунок1.png

We are in social networks

Contact us

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11