СОЛИ 2017 КИШОВАРЗОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ДАСТОВАРДҲОИ ЗИЁД НОИЛ ГАРДИДАНД

      Кишоварзони вилояти Хатлон дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, ҷиҳати ноил гардидан ба комёбиҳои назарраси истеҳсолӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуданд.

        Бинобар ба иттилои мутахассисон натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ соли 2017 буд, ки дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят майдони 413,9 ҳазор гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз он ғалладона 199,8 ҳазор гектар, зироатҳои техникӣ 129,0 ҳазор гектар, аз он пахта 119,6 ҳазор гектар, картошка 9693 гектар, сабзавот 30289 гектар, полезӣ 13381 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 31659 гектар гузаронида шуд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1503 гектар зиёд буда, инчунин ҷиҳати самаранок истифода бурдани замин ва рӯёнидани ду се ҳосил кишоварзони вилоят дар ин давра дар майдони 96526 гектар кишти такрорї гузаронидаанд, ки 106,7 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад, ки нисбати соли гузашта 2874 гектар зиёд мебошад. 

        Риояи агротехникаи зироатҳои кишоварзӣ нишон дод, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 903,1 ҳазор тонна ғалладонагиҳо, 259,3 ҳазор тонна пахта, 1021,2 ҳазор тонна сабзавот, 162,7 ҳазор тонна картошка, 482,4 ҳазор тонна полезӣ, 173,9 ҳазор тонна мевагиҳо, 101,4 ҳазор тонна ангур истеҳсол карда шуд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 1,4 то 34,3  фоиз  зиёд мебошад.

 

 

 

Official sites

Рисунок1.png

We are in social networks

Contact us

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11